Шиносоии роҳбарияти вазорат бо рафти табобати гирифторони бемории COVID-19

Шиносоии роҳбарияти вазорат бо рафти табобати гирифторони бемории COVID-19
Август 05
16:39 2021

Бо мақсади назорати хизматрасонии тиббӣ ба гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19, шиносоӣ бо вазъи муассисаҳои тандурустие, ки дар онҳо гирифторони бемории мазкур ба ташхису табобат фаро гирифта шудаанд, роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштҳои пайвастаро ба роҳ мондааст.

Аз ҷумла имрӯз, 5 августи соли равон муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шодихон Ҷамшед аз бинои 6-уми Маркази миллии тиббии “Шифобахш” ва Зулфия Абдусаматзода аз Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе дидан намуданд.

Муовинони вазир аснои боздид бо рафти хизматрасонии тиббӣ ба гирифторони бемории коронавируси нави COVID-19 шинос шуда, аз  сатҳу шароити муассиса дар самти табобати  беморони мазкур дидан намуд.

Зикр гардид, ки дар ин ҷо гирифторони сирояти коронавирус ба таври шабонарӯзӣ таҳти назорати табибон қарор доранд ва дар навбати худ табибон баҳри наҷоти ҷони онҳо тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона хоҳанд сохт.

Тавре  маълум гардид, дар муассисаҳои тандурустие, ки дар онҳо гирифторони бемории коронавируси нави COVID-19 бистарӣ шудаанд,  шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шуда, табибон ба таври шабонарӯзӣ фаъолият намуда истодаанд.

Махсусан, дар чунин муассисаҳо дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ ва дигар мавод ва таҷҳизоти тиббӣ дастрас мебошанд.

Зимни боздид муовинони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат  бо пайвандони беморон, ки берун аз беморхонаҳо қарор доштанд, суҳбати озоду ошкоро анҷом дода, иброз доштанд, ки Ҳукумати мамлакат баҳри табобати  гирифторони ин беморӣ тамоми тадбирҳои заруриро хоҳад андешид.

Маврид ба зикр аст, ки ҳадаф аз боздиди роҳбарият ва масъулини вазорат аз муассисаҳои тандурустие, ки дар онҳо гирифторони сирояти коронавирус бистарӣ шудаанд-ин пеш аз ҳама назорати хизматрасонии тиббӣ ба беморони коронавирус, шиносоии бевосита пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва  рафти табобати гирифторони бемории мазкур мебошад.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 635
  • 1,242
  • 949,655