Имрӯз, 15 майи соли равон соати 14:20 дақиқа вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз Маркази саломатии №13-и шаҳри Душанбе дидан намуд.
Ҳадаф аз ташрифи вазир шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти маркази саломатии мазкур ва дар ин замина ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳову мушкилоти мавҷуда андешидани чораҳои зарурӣ ба шумор меравад.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти маркази саломатии мазкур вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода бо масъулини маркази саломатии мазкур масъалаҳои таъмин намудани марказ бо маводҳои доруворӣ, насби варақаҳои иттилоотӣ вобаста ба роҳҳои пешгирӣ аз сироятёбӣ ба коронавируси нави COVID-19 дар даромадгоҳ ва шӯъбаҳо ва назорати беморонро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.