Ширин Исматуллозода тариқи онлайн бо сардухтурони беморхонаҳои вилояти Суғд суҳбат кард

Ширин Исматуллозода тариқи онлайн бо сардухтурони беморхонаҳои вилояти Суғд суҳбат кард
Май 04
08:51 2020

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода ва муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ ташриф оварда, тариқи онлайн бо сардухтурони беморхонаҳои вилояти Суғд суҳбат намуд.

Тавре дар ин бора дафтари матбуотии Раиси шавҳри Хуҷанд иттилоъ медиҳад, директори донишкадаи мазкур Дилафрӯз Саидӣ иттилоъ дод, ки дар ҳолати ҳозираи пешгирӣ аз коронавируси нави COVID-19 донишкада метавонад саҳми худро бо ташкили онлайн мусоҳиба бо духтурон гузорад. Таъкид шуд, ки донишкада дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ пешсаф буда, имконият дорад тариқи онлайн конференсияҳои гуфтугӯи мустақим бо табибони вилояти Суғдро ташкил намояд. Барои ин амал, яъне ташкили видео-конференсия дар сервери донишкада барномаи махсус насб карда шудааст. Барнома айни замон барои ташкил намудани конференсия тариқи онлайн имконият медиҳад. Сервери ҷудошуда ба шабакаи интернетӣ пайваст буда, табибон аз ҷои кори худ баъди насби ин барнома дар телефонҳои мобилии худ метавонанд ба конференсия пайваст шаванд.

Сипас, тавассути ин барнома онлайн-вохӯриро бо духтурон дар толори шӯрои олимони донишкада ташкил карда шуд ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода бо муовини сардухури беморхонаи клиникавии вилояти Суғд Бахтиёр Набиев, сардухтури таваллудхонаи шаҳрӣ Муқаддам Ёқубова, духтури беморхонаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Мурод Ҷӯраев, сардухтурони беморхонаҳои шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Ҷ.Расулов Фирдавс Тӯрахонов ва Дилмурод Раҳматуллоев, духтури беморхонаи шаҳри Истаравшан Фарҳод Обидов, сардухтури беморхонаи ҷамоати Ҳайдар Усмонов дигарон тариқи онлайн бо воситаи ин барнома аз ҳолати беморон, бо озуқаворӣ таъмин будани онҳо, риояи гигиенаи шахсӣ аз тарафи беморон ва духтурон пурсон шуда, иброз дошт, ки Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кӯмак ҳамеша омода аст.

Духтурон ба муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода доир ба раванди ташхису табобат иттилоъи муфассал доданд.

Сипас, Ширин Исматуллозода раёсати донишкадаро вазифадор карданд, ки шароити кории барномаро дар давоми 24 соат ҳамарӯза таъмин намоянд.

Бояд қайд намуд, ки Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ дар миқёси Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз пешқадамтарин баҳисоб рафта, бо ҳамин усул, яъне ташкили онлайн- конфренсияҳо ва вебинарҳо таҳсилоти фосилавиро ба роҳ мондааст. Вобаста ба ҳолати пешгирӣ аз коронавируси нави COVID-19 дар донишкада Ситод оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти коронавируси нави COVID-19 ташкил карда шудааст.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 10
  • 732
  • 1,242
  • 949,752