Декабр 16
14:37
2021
Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи сиҳатии аҳолӣ бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи “TIKA” шуъбаи гемодиализи Беморхонаи клиникавии N1-и ба номи С.Урунови шаҳри Хуҷанд аз таъмири пурра баровардаву мавриди истифода қарор дода шуд.
Ҳамзамон шӯъбаи мазкур бо 3 адад дастгоҳи диализатори муосир таҷҳизонида шуда, дар он тамоми шароит ва имконоти мусоид барои муолиҷаи беморони дорои бемориҳои музмини гурда фароҳам оварда шудааст.
Ҷоизи қайд аст, ки шӯъбаи мазкур дар миқёси вилоят ягона буда, ба беморон аз тамоми шаҳру навоҳии вилоят хизматрасонӣ менамояд.