Шумораи одамони аз коронавирус сироятёфта дар ҷаҳон аз ҳашт миллион зиёд шуд

Шумораи одамони аз коронавирус сироятёфта дар ҷаҳон аз ҳашт миллион зиёд шуд
Июн 16
15:31 2020

Ба ҳолати 16 июн шумораи сироятёфтагон аз коронавирус дар ҷаҳон аз 8 миллион нафар зиёд шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.

Мутобиқи маълумоти СУТ, то 16 июн шумораи сироятёфтагон ба 8 118 671 нафар расид, аз ҷумла 439 198 фавтиданд ва  4,216,319 нафар шифо ёфтанд.

Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дирӯз, 15 июн, дар Женева зимни брифинг директори генералии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Тедрос Адханом Гебрейесус иброз намуд, ки маълумот дар хусуси  хуруҷи боз як навъи нави  короновирус дар Пекин таҳқиқ мешавад. «Ҳафтаи гузашта Хитой дар мавриди манбаи сироятёбӣ аз COVID-19 дар Пекин иттилоъ пахш намуд ва ин дар ҳолест, ки қаблан, дар тӯли 50 рӯзи сипаришуда, ягон ҳолати сироятёбӣ сабт нашуда буд. Аллакай бештар аз 100 ҳолати сироятёбӣ тасдиқ шудааст». Сарвари СУТ  зикр  намуд, ки «пайдоиш ва тавсеаи хуруҷи ин беморӣ таҳқиқ мешавад».

Директори генералӣ «аз кишварҳое, ки тавонмандии худро дар пахши тавсеаи COVID-19» зоҳир намудаанд, даъват кард, ки бо дарназардошти эҳтимоли хуруҷи беморӣ ҳушёриро аз даст надиҳанд. Мавсуф инчунин ёдовар шуд, ки вақтҳои охир 75% ҳолатҳои сироятёбӣ ба 10 мамлакат, асосан кишвароҳои Америкаи Шимолӣ, Ҷанубӣ ва Осиёи Ҷанубӣ рост меоянд.

Тедрос Адханом Гебрейесус чунин мешуморад, ки сарфи назар аз пандемияи короновирус, ҷомеаи ҷаҳонӣ «набояд дигар масоили муҳимми тандурустӣ, аз ҷумла зукомро» аз мадди назар канор гузорад.  Айни замон Нимкураи ҷанубӣ ба «мавсими зуком ворид мешавад» ва дар Нимкураи шимолӣ бошад омодагии худро ба фарорасии ин мавсим ба нақша мегиранд. Директори генералӣ  зикр кард, ки дар шароити кунунӣ зуком бояд ҳамчун масъалаи афзалиятнок эътироф карда шавад. Сарвари СУТ огоҳ намуд, ки «Гардиши ҳамзамони COVID-19 ва зуком метавонад таъсири худро ба ниҳодҳои тандурустӣ, ки бидуни ин ҳам бори гаронро бар дӯш доранд, шадидтар намояд».

  АКС: Anadolu Agency / Contributor / Getty Images

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 732
  • 1,242
  • 949,752