«Синамаконӣ- асоси ҳаёт»

«Синамаконӣ- асоси ҳаёт»
Июл 30
08:47 2018

Ҳамасола аз 1 то 10 август дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи Даҳаи кўмак ва дастгирии синамаконӣ гузаронида мешавад. Соли 2018 ин чорабинӣ таҳти шиори «Синамаконӣ- асоси ҳаёт» мегузарад.

Дар соли 1995 собиқ роҳбари Хазинаи кӯдакони СММ Ҷеймс П. Грант синамакониро «револютсия барои кӯдакон» номида, иброз доштааст, ки таркиби сеҳрноки шири модар метавонад ҳаёти миллион нафар кӯдаконро наҷот диҳад.

Ҳар сол дар тамоми ҷаҳон аз 1 то 7 август Ҳафтаи дастгирии синамаконӣ гузаронида  мешавад.  Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2001 сар карда ҳафтаи дастгирии синамаконӣ ҳамчун Даҳа аз 1 то 10 август гузаронида мешавад.

Мақсади  асосии  гузаронидани  ин  чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи малака ва дониши кормандони тиб ва аҳолӣ нисбати дуруст ғизо додани кўдакон мебошад.

Таваллуди кўдак – хурсандии беканор дар ҳаёти оила ва волидайн мебошад. Аз рўзи аввали ҳаёт саволҳои ғизодиҳӣ, инкишофи ҷисмонӣ ва рўҳии кўдак, ҳолати саломатӣ ва тарбияи кўдак ба миён меоянд.

Яке аз роҳҳои баланд бардоштани малака ва дониши падару  модарон нисбати тарбия ва ғизодиҳии кўдакон  гузаронидани  вохўриҳо, дастрас намудани маводҳои тарғиботию ташвиқотӣ оиди моҳияти шири модар, тарзҳои дурусти синамаконӣ, омўзонидани занҳои ҳомила ва  занҳои  ширмакон  дар муассисаҳои тиббию профилактикӣ дар  ин рўзҳо  мебошад. Дар ташвиқу тарғиботи ин ҳафта гурўҳҳои дастгирии  синамаконӣ саҳми калон доранд.

Дар асоси ҳисоботҳои пешакии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум карда шудааст, ки барои таъмини кўдак то синни 6 моҳагӣ бо маводҳои  омехтаи гуногуни ғизоӣ, барои дастрас намудани ғизоҳои сунъӣ маблағҳои калон лозим аст. Барои як кўдакро аз таваллуд то ба синни 6 моҳагӣ ғизо додан – 56 қуттӣ ғизои сунъӣ лозим аст, агар  ҳар қуттӣ 70 сомониро ташкил диҳад, пас дар 6 моҳ – 3920 сомонӣ лозим мегардад. Даромади як оила чӣ қадар аст?  Аз  ин  лиҳоз,  кўдакони  худро бо шири сина ғизо диҳед, чунки беҳтарин ғизо барои кўдак ин шири модар  мебошад.  Ҳар  як инсон  дар ҳаёташ  як  бор  имконият  дорад,  ки  шири  модарро  истеъмол  намояд,  ин  ҳам бошад дар давраи то 2 солагӣ.

Таҳлилҳои  дар  муассисаҳои  тиббии  ҷумҳурӣ  дар  солҳои  охир гузаронида шуда нишон медиҳанд, ки кўдакони ғизои сунъӣ истеъмолкунанда то 10-15 маротиба  бештар ба бемориҳои сироятии  меъдаю  рўда  ва  бемориҳои шадиди роҳҳои нафас гирифтор мешаванд.

Дар ҷумҳурӣ вазъи саломатии кўдакон, фавт дар байни онҳо то синни 1-2 солагӣ ва бахусус аз бемориҳои дарунрав (бемориҳои сироятии меъдаю рўда) ва бемориҳои сироятии шадиди роҳҳои нафас яке аз масъалаҳои ҳалталаби соҳаи тандурустӣ мебошад. Тадқиқотҳо собит сохтаанд, ки бемориҳои дар боло зикршуда, бештар аз ҳама дар байни кўдакони синни бармаҳал вомехўранд, ки ба таври сунъӣ ё омехта ғизо мегиранд. Сабаби он дар рўзҳои аввал ва дар давоми 0-6 моҳи аввали ҳаёти худ бо воситаи иловагии ғизохўрӣ ва нўшидан (шиша, пистонак ва дигар омилҳои сироятёфта) алоқа доштани навзод ва ҳамчунин аз пистони модар маҳрум будани ў мебошад.

Вазорати  тандурустии  ҷумҳурӣ  моҳияти  ин  масъаларо  ба  назар гирифта,  ҳанӯз соли 1994  дар соҳаи  дастгирӣ  ва  ёрӣ  дар  синамаконии атфоли навзод корро оғоз карда буд. Аз  соли 1998  сар  карда  дар  тамоми таваллудхонаҳои ҷумҳурӣ 10 принсипи бомуваффақияти синамаконии атфол ҷорӣ шуда истодааст.

Соли 1999 аввалин маротиба дар ҷумҳурӣ таваллудхонаи шаҳрии №1-и ш. Душанбе (собиқ №3) соҳиби сертификати умумиҷаҳонии  «Муносибати некбинона нисбати атфол» гардид. Ҳамин тариқ, 58 муассисаҳои  табобатию  профилактикии  ҷумҳурӣ  дорои ин сертификат мебошанд. 93%-и навзодон дар ин  беморхонаҳо таваллуд мешаванд. 90-95% навзодоне, ки дар ин таваллудхонаҳо таваллуд мешаванд дар давоми 30 дақиқаи баъди  таваллуд синаи модарро мемаканд.

Фоида ва қулай будани синамаконӣ:

– Шири  модар барои  истеъмол  доимо  тайёр  аст,  пешакӣ  тайёр  кардани  он лозим нест;

– Шири модар туруш ва вайрон намешавад, гарчанде ки модар чандин рўзҳо шири худро намаконад ҳам;

– Шири модар арзиш надорад (бепул дастрас мешавад) – ўро харидорӣ намудан лозим нест;

– Шири модар танҳо барои кўдак муқаррар шудааст.

– Шири модар кўдакро аз бисёр бемориҳо эмин медорад, на фақат дар давраи кўдакӣ, балки дар тамоми умр.

– Синамаконӣ ба саломатии модар низ таъсири мусбӣ дорад, ба монанди пешгирии бемориҳои саратон.

 Хатари ғизои сунъӣ:

Агар кўдак ғизои сунъӣ гирад, пас хатари гирифтори бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла  бемории  дарунравӣ  15  маротиба  зиёд  аст,  нисбати  кўдаконе,  ки  бо шири модар ғизо мегиранд. Махсусан агар кўдакон бо пистонак ва шишача ғизои  сунъӣ  гиранд,  хатари  беморшавӣ  зиёд  мешавад,  чунки  тоза  нигоҳ доштани пистонак ва шишача хело мушкил аст. Ғизоҳои сунъӣ дорои маводҳои зидди сироят нестанд, аз ин рў кўдаконе, ки ғизои  сунъӣ  мегиранд  тез-тез  ба  бемориҳои  дарунравӣ  гирифтор  шуда, бемории онҳо дуру дароз давом меёбад ва ин кўдакро хеле лоғар менамояд. Оҳане, ки дар ғизоҳои сунъӣ мавҷуд аст, бо тамом ба бадани кўдак ҷаббида намешавад, аз ин рў кўдаконе, ки ғизои  сунъӣ  истеъмол  менамоянд ба бемориҳои камхунӣ гирифтор мешаванд.

Дар ширҳои сунъӣ миқдори намакҳои натрий, калтсий ва фосфор хеле зиёд мебошад, ки ин ба организми кўдак лозим нест. Ба қадри лозима  дар  таркиби  ғизоҳои  сунъӣ  витаминҳо, чарбҳои зудҳалшаванда ва  сафедаҳо  вуҷуд  надорад,  агар  бошад ҳам  дар  вақти пухтани шир онҳо вайрон мешаванд. Сафедаҳои  систин  ва  таурин,  ки  барои  инкишофи  мағзи  сари кўдак лозиманд дар таркиби ширҳои сунъӣ нестанд. Дар  таркиби  шири  ҳайвонот  линоре,  ки  барои  ҳал  намудани  чарбҳо лозиманд, вуҷуд надоранд. Сафедаи шири гов – казеин дар меъдаи кўдак хеле дер ҳазм мешавад, аз ин рў кўдак гуруснагиро ҳис намекунад. Дар бисёр мавридҳо ширҳои сунъӣ сабаби бемориҳои аллергикӣ мешаванд.

Дар як вақти муайян танҳо шири модар наметавонад ҳамаи талаботи инкишофи кўдакро қонеъ гардонад, дар он сурат масъалаи додани ғизои иловагӣ ба миён меояд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тавсия медиҳад, ки ғизои иловагӣ аз 6 моҳагӣ бояд оғоз шавад, чунки дар ин синну сол ба кўдак миқдори зиёдтари моддаҳои минералӣ, сафедаҳо, карбогидратҳо, витаминҳо зарур аст. Дар тамоми мўҳлати ворид намудани ғизои иловагӣ, бояд шири модар намуди асосии ғизо боқӣ монад, ки кўдаки ширмак онро истеъмол менамояд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтаҳои дар боло зикргардидаро баназар гирифта, айни ҳол тасмим гирифтааст, ки стратегия ва нақшаи коммуникатсионии «1000 рўзи тиллоии аввали ҳаёти кўдак» -ро бо дастгирии Хазинаи кўдакони Созмони Милали Муттаҳид ва шарикони рушд таҳия намояд. 1000 рўзи тиллоии аввали ҳаёти кўдак ин аз рўзи ҳомиладорӣ то синни 2 солагии кўдак баҳисоб меравад, ки ғизои солим, нигоҳубини мувофиқ, инкишофи ҷисмонӣ, ақлонӣ-рўҳии кўдаконро дар бар мегирад.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 672
  • 1,242
  • 949,692