Сипоснома барои ҳамкории бобарор

Сипоснома барои ҳамкории бобарор
Сентябр 06
13:59 2021

Пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол аз сиёсати хирадмандонаи  пешвои муаззами миллат сарчашма мегирад. Яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлолият  барқарор намудани муносибатҳои дӯстонаву ҳамкориҳои  судманд бо  намояндагиҳои бонкҳои бонуфузи  ҷаҳон аст, ки дар фазои орому осудаи кишвар роҳандозӣ гардидааст. Институтҳои молиявӣ барои пешрафти  вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишвари мо  дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дохили кишвар фаъолона саҳм мегузоранд.

Дар арафаи  ҷашни бузурги миллӣ, 30-солагии истиқлолияти  давлатӣ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагии Бонки умумиҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сипоснома ирсол намуд, ки дар он омадааст:

Барои саҳми муносиб, иштироки фаъолона ва дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани ҳифзи солимии модару кудак, бахшида ба  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешавад.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ҳамзамон дар сипосномаи худ қайд намудааст, ки:

Итминони комил дорем, ки минбаъд низ баҳри иҷрои самти афзалиятноки  соҳаи тандурустӣ содиқона ҳисса мегузоред.

Дар навбати худ мутахассисони лоиҳаҳои аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ дастгиришаванда, ки дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ фаъолият доранд, бо рӯҳияи баланд иброз доштанд, ки барои рушди  чунин ҳамкориҳои самаранок самтҳои фаъолияти худро боз ҳам бештару беҳтар ба роҳ монанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 972
  • 1,242
  • 949,992