Апрел 23
08:46
2020
22 апрели соли равон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо мудири Идораи минтақавии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо Ҳанс Клюге суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат ҷонибҳо масъалаи пешгирии паҳншавии бемории ҳамагири COVID-19, пайомадҳои он ба мамлакат ва дар ин замина мусоидати Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ барои Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
«Ҳамзамон табодули назар роҷеъ ба видео-конфронси қарибулвуқӯи минтақавӣ дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ ҷиҳати андешидани тадбирҳои муштарак алайҳи ин беморӣ сурат гирифт»-меафзояд манбаъ.