Май 21
15:16
2020
Имрӯз суҳбати видеоии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини парлумонии Котиби давлатии Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ хонум Веди Мортон баргузор гардид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар суҳбат масъалаҳои мубориза бо бемории ҳамагири COVID-19, мусоидати Британияи Кабир дар бартараф кардани пайомадҳои он ва масъалаҳои ҳамкории ду давлат баррасӣ шуданд.