Дар баробари давра ба давра рӯ ба тараққӣ ниҳодани соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ, инчунин дигар самтҳои муҳиси рӯзгори ҷомеаи тоҷик соҳаи тандурустӣ низ бо талош ва назари хайрхоҳонаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд ёфта, дар заминаи он имрӯзҳо вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мутобиқ ба талаботи давр ба роҳ монда шудааст.
Таи солҳои охир бунёд гардидани муассисаҳои тандурустии замонавӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави табобат, ворид намудани технологияҳои муоссири тиббӣ, ҷалби мутахассисони ботаҷрибаи соҳаи тиб ба марказҳои саломатӣ муаррифгари пешрафти илми тибби тоҷик гаштааст.
Бо мақсади ҳарчи беҳтар бароҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ бо кушиши ҳукумати кишвар имрӯзҳо дар дурдасттарин минтақаҳои ҷумҳурӣ низ марказҳои саломатии замонавӣ бунёд гардида истодаанд, ки дар ҳоли идомаёбӣ қарор доштани сохтмони якчанд бунгоҳи саломатӣ дар ноҳияҳои вилояти Хатлон далел ба гуфтаҳои боло шуморида мешавад.
Айни ҳол дар доираи иқдоми хайрхоҳонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи таъмини босифати хизматрасонии тиббӣ ба қишрҳои мухталифи мамлакат, дар нохияи Вахш бо дастгирии шарикони Рушд таъмири Беморхонаи марказии ноҳия оғоз гардида, дар ин ноҳия бо кумати соҳибкорони маҳаллӣ бунгоҳи саломатии “С.Шерозӣ” мавриди сохтмон қарор дорад.
Дар ҷамоати “Навобод”-и ноҳияи Дустии вилояти Хатлон сохтмони бунгоҳи саломатии “Сулаймонота”, дар ноҳияи Қубодиён таъмири беморхонаи Марказии ноҳия, дар ноҳияи Шаҳритуз бунгоҳи саломатии “Корез”, дар ноҳияи Ёвон Маркази саломати деҳоти “Гулистон” аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии шарикони рушд дар ҳоли идомаёбӣ қарор дорад.
Инчунин дар ноҳияи Восеъ сохтмони Маркази саломатии “Анористон”, бунгоҳи саломатии “Ғофилобод” идома дошта, Маркази тибби оилавии ноҳия аз таъмир бароварда шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки бо дастгирии ҳукумати кишвар нақшаи татбиқи таъмири муассисаҳои тибби шаҳри Кӯлоб мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар арафи Наврӯзи байналмиллалӣ корҳои таъмирӣ оғоз мегардад.