Собиқадорони соҳа қадрдонӣ шуданд

Собиқадорони соҳа қадрдонӣ шуданд
Август 14
12:06 2021

Бахшида ба фарорасии Рӯзи кормандони соҳаи тибби Тоҷикистон, ки ҳамасола 18 август, яъне дар Рӯзи зодрӯзи поягузори илми тиб Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино таҷлил карда мешавад,  имрӯз, 14 август дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода бо як қатор собиқадрони соҳаи тандурустии мамлакат вохурӣ намуд.

Нахуст вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз номи роҳбарияти вазорат ҳозиринро ба фарорасии Иди касбии табибони кишвар ва зодрӯзи поягузори илми тиб Абӯалӣ ибни Сино шодбош намуда, ба онҳо саломативу сарбаландӣ, муваффақият ва саодати зиндагӣ таманно намуд.

Дар идома номбурда бо собиқадорони соҳа суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, аз ҷумла иброз дошт, ки роҳбарияти вазорат ҳамеша хизматҳои ашхосеро, ки дар рушду пешрафти соҳа саҳми арзишманд гузоштаанд, қадр менамояд.

Дар навбати худ собиқадорони соҳа аз рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ёдовар шуда, қайд намуданд, ки маҳз таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон воқеан ҳам соҳаи тандурустии мамлакат ба дастовардҳои муҳиму назаррас ноил гардид.

Дар анҷом  барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи тандурустии мамлакат собиқадорони соҳа бо Сипосномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи Иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 712
  • 1,242
  • 949,732