Сокинони ноҳияҳои водии Рашт ва шаҳри Роғун дар иммунизатсиякунонӣ пешсафанд.

Май 24
10:02 2017

Дар асоси Қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гузаронидани рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои  сурхча ва гулафшон  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ибтикори  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  имрӯзҳо дар тамоми манотиқи кишвар иммунизатсия миёни кудакону навбарсони аз 1 то 9 сола идома дорад. Дар ноҳияҳои водии Рашт ва шаҳри Роғун низ маъракаи иммурнизатсия  бар зидди бемориҳои  сурхча ва гулафшон    идома дошта то имрӯз  аз 83 ҳазору 47 нафар кӯдакони аз яксола то нуҳсола 59 ҳазору 147 нафарашон ба эмгузаронии иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон фаро гирифта шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки мақсади гузаронидани Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ин таъмин намудани амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ, пешгирӣ намудани гардиш ва интиқоли вируси сурхча ба дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, маҳв намудани бемориҳои сурхча, гулафшон ва пешгирии алоими гулафшони модарзодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Тибқи иттилои расида  ҷиҳати сари вақт баргузор намудани иммунизатсия  аз тарафи муассисаҳои масъули водии  Рашт ва шаҳри Роғун  барои кормандони бунгоҳҳои саломатии деҳот шароити хуб муҳайё карда шуд ва дар муддати се рӯз 71 фоизи нақша иҷро гардидааст.

Бояд тазаккур дод, ки тибқи натиҷаи банақшагирифташуда  дар давоми Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 миллиону 969 ҳазору 124 нафар кӯдакони синнашон аз 1 то 9 сола бо иммунизатсия фаро гирифта мешаванд, ки барои ин 2 164 500 вояи ваксинаи зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон ба ҷумҳурӣ ворид карда шудааст.  Маъракаи «Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои  сурхча ва гулафшон  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар дигар шаҳру ноҳияҳо ва минтақаҳои мухталифи кишвар бо мааром идома дорад.

Хотиррасон менамоем, ки  «Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  аз 15 майи соли равон оғоз гардида то ба -26 май идома хоҳад ёфт.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 638
  • 1,242
  • 949,658