Соли 2019 дар вилояти Хатлон 74 муассисаҳои муолиҷавию профилактикӣ ба истифода шуданд

Соли 2019 дар вилояти Хатлон 74 муассисаҳои муолиҷавию профилактикӣ ба истифода шуданд
Январ 30
07:35 2020

Ҷиҳати беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ  дар ҳудуди вилояти Хатлон бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, соҳибкорон ва шарикони рушд давоми соли 2019 74 адад муассисаҳои муолиҷавию профилактикӣ, аз ҷумла 67 адад муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (аз инҳо 25 адад марказҳои саломатии деҳот ва 42 адад бунгоҳҳои саломатӣ) ва 7 адад муассисаҳои сохтори госпиталӣ ба маблағи зиёда аз 115 миллион сомонӣ сохта мавриди истифода қарор дода шуданд.

Инчунин, дар ин давра 18 адад  нақлиёти ёрии таъҷилӣ ба муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон дастрас гардид, ки мушкилоти соҳаро дар самти дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ беҳтар намуд. Ҳамзамон, ду адад нақлиёти сайёри флюрографи тамғаи “Камаз” барои марказҳои зидди сили вилоят (минтақаҳои Бохтару Кӯлоб) аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба маблағи 3 млн. 200 ҳазор сомонӣ харидорӣ ва дастрас  карда шуд.

Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2017, №89 «Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба муқовимат бо эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020»  ва қарори дахлдори раиси вилояти Хатлон  аз 5 апрели соли 2017, №74  давоми соли 2019 дар муассисаҳои тандурустии вилоят як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд. Бояд гуфт, ки дар вилоят 26 марказҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО, 7 таҳлилгоҳҳои ташхиси усули иммуноферментӣ, 27 таҳлилгоҳҳои ташхиси усули фаврӣ, 11 нуқтаҳои боварӣ дар байни нашъамандони тазриқӣ ва 4 гурӯҳҳои сайёр бо нақлиёти санитарӣ фаъолият менамоянд.  Илова бар ин, дар Беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб ва дар шӯъбаи сироятии Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бӯри Воҳидов барои бистарӣ кардани ин намуди беморон мутаносибан 8-10 кат ташкил гардида, ҳамзамон, бо мақсади беҳтар намудани дастрасӣ ба сарчашмаҳои  иттилоотӣ оид ба пешгирии ВНМО дар марказҳои вилоятӣ ва минтақавӣ нуқтаҳои иттилоотӣ ташкил карда шудааст.

Бо мақсади саривақт дарёфт намудани сироятшудагони вируси норасоии масунияти одам дар вилоят дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷаъмиятии “СПИД инфосвязь”-и Федератсияи Россия  дармонгоҳи сайёр  фаъолият дошта, давоми соли равон 6246 нафар аҳолии дурдасти шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаи онҳо, занҳои ҳомила бо тести оҷилӣ оид ба таҳлили ВНМО ва оташак  таъмин карда шуданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 625
  • 1,242
  • 949,645