“СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ”. Вобаста ба ин чорабинӣ дар вазорат машғулияти омӯзишӣ баргузор гардид

“СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ”. Вобаста ба ин чорабинӣ дар вазорат машғулияти омӯзишӣ  баргузор гардид
Март 01
10:23 2024

Дар доираи соли 2024 дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” 1-уми марти соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Тартиби коргузорӣ ва баҳисобгирии оморӣ оид ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” ва “Дар бораи Дастурамали намунавии коргузорӣ дар вазорату идораҳо ва мақомоти давлатӣ, муассиса, корхона ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” машғулияти омӯзишӣ доир гашт.

Дар машғулияти омӯзишӣ роҳбарияти вазорат, сардорон ва кормандони раёсату шӯъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат иштирок доштанд.

Тавре зикр гардид, бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 дар мамлакат “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидаастки мақсад аз он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он мебошад.

Зеро Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад.

Зимни машғулияти омӯзишӣ сардори шӯъбаи ҳуқуқ Рабиев Шералӣ ва дигар масъулини вазорат доир ба амалисозии қонун ва қарорҳои дар боло зикршуда ба ҳозирин маълумот пешниҳод карданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 638
  • 1,242
  • 949,658