Солимии аҳолӣ сарвати миллӣ аст

Солимии аҳолӣ сарвати миллӣ аст
Феврал 05
16:11 2019

5 феврали соли равон дар толори “Душанбе Плаза” ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ ва гурӯҳҳои кории техникӣ оид ба татбиқи консепсияи нави “Стратегияи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030” баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, ёрдамчии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Дилором Содиқова, Кристиан Швайзер – сармутахассис оид ба масъалаҳои стратегии Дафтари аврупоии минтақавии ТУТ дар Шоҳигарии Дания, ки роҳбарии муваққатии намояндагии ТУТ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар уҳда дорад ва инчунин роҳбарону мутахассисони соҳа ширкат варзиданд.

Бо сухани ифтитоҳӣ Насим Олимзода –  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, чунин қайд намуд: “Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳои кишвар дар доираи амалисозии стратегияи мазкур ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст, ки маҳз ин  дастовардҳо дар раванди таҳияи ҳуҷҷати нави “Стратегияи миллии солимии аҳолӣ барои давраи то соли 2030”, барои банақшагирии чорабиниҳои самарабахши минбаъда имконият фароҳам меорад”.

Дар рафти ҷаласа аз ҷониби ёрдамчии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар – Дилором Содиқова маълумот доир ба раванди тадбирҳои “Стратегияи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030” пешниҳод гардид.

Ҳамчунин, Равшан Тоҳиров, роҳбари шуъбаи ТСТ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар бораи консепсия ва нақшаи оперативии коркарди “Стратегияи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030”  маълумоти муфассал манзур намуд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Август 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூலை    
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 1,706
  • 2,153
  • 988,288