“Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” варзишро яке аз асосҳои саломатии ҷисму рӯҳ ва омили пешгирӣ аз бемориҳо медонад. Ба варзиш машғул шудани наврасону ҷавонон ин қадаме устувор ба ҳаёти солиму ҷомеаи созанда ва далели мубориза бо бемориҳо ва падидаҳои номатлуб мебошад.
Рӯзи 12 сентябри соли 2021 ‘Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон’ дар якҷоягӣ бо МД “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №6 оид ба намудҳои гӯштин”-и Раёсати ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе байни хонандагони МТМУ №97 ва дигар мактабҳои шаҳри Душанбе бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯштини ҷудо баргузор кард.
Дар ин чорабинии варзишию иттилоотӣ аъзои ҳакамон аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, кормандони тиб, ҳайати кормандон ва аъзои дастаи “Қаҳрамонони мо: НЕСТ БОД СИЛ”-и ‘Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон’, аз ҷумла ҳунарпеша ва ҳаҷвнигори маъруф Ҷамшеди Ҳалим, устодону мухлисони варзиш ва волидону пирони маҳал иштироку суханронӣ намуданд.
Зимни суханронии худ ҳунарпеша ва ҳаҷвнигори маъруф Ҷамшеди Ҳалим аз ҷасорату шуҷоати наврасону ҷавонони иштирокчӣ таҳсин кард. Ҳамзамон онҳоро боз ҳам ба донишомӯзиву ояндасозӣ даъват карда, барои болидагии хотири иштирокчиён чанд ҳаҷвияи намакин гуфт.
Сафаралӣ Наимов, директори иҷроияи ‘Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон’ ба иштирокчиёну устодони варзиш изҳори сипос намуда, инчунин дар бораи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории сил ва нақши ҷомеа дар пешгирии онҳо суханронӣ кард.
Чорабинӣ дар рӯҳияи ватандӯстиву қаҳрамонӣ ва рафоқату ягонагӣ баргузор гардид. Дар анҷом ба ғолибони мусобиқа диплом ва медалҳои ифтихорӣ тақдим карда шуд.
Наврасону ҷавонон омодагии худро барои саҳм гузоштан дар ободии кишвар ва пешгирии бемориҳо бо шиори “НЕСТ БОД СИЛ” иброз доштанд.