Таи рӯзҳои охир бо мақсади беҳтар намудани вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои сифатнок ва рушди малакаи кормандони тиб давраи омӯзишӣ миёни кормандони соҳаи тибби як қатор марказҳои саломатии вилояти Хатлон гузаронида шуд.
Чорабинии мазкур дар асоси дастур ва супориши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳури Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст.
Семинарҳои омузишӣ дар ноҳияҳои Хуросон, Ёвон, А.Ҷоми, Ҷ.Балхӣ, Бохтар, Қубодиён, Шаҳритус, Вахш, Н.Хусрав ва Дустӣ роҳандозӣ гардида дар рафти он бештар ба масоили “Роҳнамоии солими модару кӯдак, ғизои иловагӣ ва баҳодиҳии инкишофи ҷисмонии кӯдакон” таваҷҷуҳ зоҳир карда шудааст.
Семинарҳои омӯзишӣ бо иштироки бозомузони сатҳи ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ сурат гирифтааст.