“Солимии рӯҳии аҳолии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил”

“Солимии рӯҳии аҳолии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил”
Феврал 22
14:50 2024

Имрӯз, 22-юми феврали соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи “Солимии рӯҳии аҳолии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил” ба кори худ оғоз намуд, ки дар расми ифтитоҳи он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед, сармутахассиси соҳаи бемориҳои рӯҳии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Қунғуротов Хуршед Қулмуродович, мутахассисони соҳа аз Федератсияи Россия, ҷумҳурияҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, роҳбарони як қатор муассисаҳои тиббию табобатии кишвар ва доираи васеи кормандони соҳа иштирок намуданд.

Чорабиниро муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба вазорат хайрамақдам гуфт.

Сипас доир ба “Технологияҳои муосир дар психиатрия” директори “Муассисаи давлатии буҷетии федералии миллии илмии тиббии психиатрия ва неврология”-и ба номи В.М.Бехтерев Незнанов Николай Григорьевич, “Таҳаввули (эвалюция) илми равонпизишкӣ дар Тоҷикистон: аз таърих то замони муосир” сармутахассиси соҳаи бемориҳои равонии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қунғуротов Хуршед Қулмуродович, “Тамоюлҳои муосири рушди хадамоти психиатрӣ дар Федератсияи Россия” директори генералии Муассисаи давлатии буҷетии федералии “Маркази миллии тадқиқотии тиббии психиатрия ва наркология ба номи В.П Сербски”-и Вазорати тандурустии Федератсияи Россия, роҳбари асосии ИДМ дар соҳаи психиатрия ва наркалогия, сармутахассиси Вазорати тандурустии ФР дар соҳаи психиатрия Шпорт Светлана Вячеславовна, “Доир ба ҳолат ва дурнамои рушди хадамоти солимии равонӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон” доктори илмҳои тиб, профессори кафедраи психиатрия ва наркалогияи ба номи С.Д.Асфендияров Алтнбеков Сагат Аблкаирович, “Самтҳои афзалиятноки рушди системаи солимии рӯҳии аҳолии Ҷумҳурии Қирғизистон” Галако Татяна Ивановна, “Дурнамои рушди хадамоти солимии равонӣ дар доираи консепсияи Ӯзбекистони нав” Презеденти Ассотсиатсияи  психиатрони Ӯзбекистон, доктори илмҳои тиб, профессор, директори Маркази ҷумҳурявии махсуси солимии рӯҳӣ, мудири кафедраи психиатрия ва наркалогияи Академияи тиббии Тошкент Ашуров Зарифҷон Шарифович баромад карданд.

Пас аз шунидани маърӯзаҳо аз ҷониби иштирокчиён муҳокимаронӣ ва бахши саволу ҷавоб сурат гирифт.

Бояд гуфт, ки конфронси мазкур пагоҳ низ баргузор гардида, дар доираи он пешниҳод ва баррасии як қатор масъалаҳои муҳими соҳа низ аз ҷониби мутахассисони соҳа дар назар аст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 730
  • 1,242
  • 949,750