Сомонаи электронии муроҷиати шаҳрвандон дар системаи тандурустӣ фаъол гардид

Сомонаи электронии муроҷиати шаҳрвандон дар системаи тандурустӣ фаъол гардид
Июл 26
16:25 2022

Дар шароите, ки интернет ба воситаи муҳими алтернативии пахши иттилоъ зуҳур намудааст, ҳукумати электронӣ як ҷузъи ҷомеаи иттилоотӣ мебошад, ки ҳоло дар арафаи шаклгирии умумиҷаҳонӣ қарор дорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаштан ба ҳукумати электронӣ соли 2003 замина гузошта шуда, барои омӯзонидани мутахассисон, омода намудани заминаи боэътимод корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст. Мисоли равшани он Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон»», ки соли 2003 ба тасвиб расида буд, инчунин таҳияи «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба шумор меравад.30 декабри соли 2011 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи консепсияи ташаккули «Ҳукумати электронӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки таҳияи барномаҳои электронӣ вобаста ба рушди ҳамаи соҳаҳоро дарбар мегирад.

Рӯ овардан ба низоми муосири коргузорӣ, яъне гузариш ба ҳукумати электронӣ дар низоми ҳокимияти давлатӣ яке аз шартҳои асосии ташкили давлати муосир мебошад. Ҳукумати электронӣ низоми электронишудаи хизматрасониҳои давлатиест, ки бо мақсади таъмини шаффофияти раванди идоракунии давлатӣ, сарфаи буҷаи давлатӣ ва мустаҳкам намудани алоқаи байни шаҳрвандон ва давлат ба роҳ монда шуда, монеаҳои молиявӣ, физикӣ, вақтию маконии ҳам сохторҳои давлатӣ ва ҳам шахсони воқеиро нисбатан кам мекунад.

Ҳадафи таъсис додани ҳукумати электронӣ низ ба таври бештар таъсир расонидани хадамоти давлатӣ ба шаҳрвандон мебошад. Ҳар қадар хадамот дар Интернет дастрас бошад ва ҳар қадар истифодаи он васеътар бошад, таъсири ҳукумати электронӣ ҳамон қадар бештар хоҳад шуд. Ҳукумати электронӣ барои ба даст овардани таъсири устувор, берун аз доираи муассири дохилӣ ва шаффофияти идоракунии давлат, анбӯҳи зиёди «шаҳрвандони электронӣ» (e-citizens) ва «муассисаҳои электронӣ»-ро (e-business) талаб мекунад.

Ба ҳамин тариқ, зимни татбиқи консепсияи ҳукумати электронӣ на танҳо самаранокии беш ва харҷи ками маъмурӣ кам мегардад, балки дар муносибатҳои байниҳамдигарии ҷомеа ва ҳокимият тағйироти сифатӣ ба вуҷуд хоҳад омад.

Дар доираи рушди ҳукумати электронӣ, бо назардошти  қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” дар системаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, сомона -платформаи электронии муроҷиати шаҳрвандон роҳандозӣ гардид. Ин барнома дар доираи фаъолияти Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”-назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бо дастгирии молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ ба роҳ монда шуд.

Ба хотири фаъолияти самаранок дар ин самт барои шуъбаи умумии дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дастгоҳи марказии Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва намояндагиҳои он дар вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ВМКБ  таҷҳизоти махсус (серверҳо),таҷҳизоти компютерӣ харидорӣ ва насб карда шуданд. Бо дастрасӣ ба ин тартиб ҳамаи шаҳрвандони кишвар ва берун аз марзи Тоҷикистон қарордошта метавонанд тавассути почтаи электронӣ, тариқи зангҳои телефонӣ бо дилхоҳ дархосту пешниҳод ва арзу шикоят ба муассисаҳои тандурустӣ муроҷиат кунанд.

Ҳамзамон ин  марказҳо бо таҷҳизот ва хати телефонӣ барои муроҷиатҳои шифоҳие, ки ба система ворид карда мешаванд, таъмин шудааст.

Лоиҳа дар доираи фаъолияти худ ҷалби мутахассисон ва дастгирии онҳоро барои амалисозии босамари механизми мазкур ба роҳ мондааст.

Аз ин хотир, барои кормандони шуъбаи умумии вазорат, мутахассисони Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва намояндагиҳои он дар вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ВМКБ даври омӯзишӣ баргузор гардид. Дар рафти омӯзиш созандагони барнома, мутахассисони Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” ва мутахассисони хадамот оид ба роҳу усулҳои муроҷиат, дастрас намудани он ба мутахассисону масъулон дар сатҳи деҳот, шаҳру ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ фикру андешаҳои худро баён намуда, гардонидани посухи саривақтӣ ба муроҷиаткунандагоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Акнун шаҳрвандон метавонанд дар ҳолати аз сифати хизматрасонии тиббӣ дар маҳалли зисти худ қаноатманд набудан ва ё ҳал нашудани мушкилоташон дар муассисаи тиббии ҷои истиқомат, дархост ва пешниҳодоти худро бо нишониҳои зерин ирсол намоянд:

сомонаи электронии grm.tj

Шаҳрвандон инчунин имкон доранд бо нишониҳои зерин  муроҷиат кунанд:

Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,  шаҳри Душанбе

Сомонаи электронӣ: grm.tj

Рақами телефон:    +992 446 10 33 44

Почтаи электронӣ:    info@grm.tj

Сарраёсати Хадамот дар вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар

Сомонаи электронӣ: grm.tj

Рақами телефон:      +992 446 10 33 11

Почтаи электронӣ:    khatlon@grm.tj

Сарраёсати Хадамот дар вилояти Суғд, шаҳри Бустон

Сомонаи электронӣ: grm.tj

Рақами телефон:  +992 446 10 33 88

Почтаи электронӣ:    sugd@grm.tj

Раёсати хадамот дар Вилояти Мухтори Куҳистони  Бадахшон (ВМКБ)

Сомонаи электронӣ: grm.tj

Рақами телефон:  +992 446 10 88 22

Почтаи электронӣ:    gbao@grm.tj

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии   Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи электронӣ: grm.tj

Рақами телефон: +992 446 10 77 11

Почтаи электронӣ:    moh@grm.tj

(Акс аз манбаъҳои боз)

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 712
  • 1,242
  • 949,732