Рӯзи 14 июни соли 2017 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Арманистон сафар карданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар қатори вазирону раисони вазорату кумитаҳо ва дигар шахсони расмӣ ҳамчунин вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Чумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода ҳамроҳӣ мекунанд.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Президенти Чумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, баррасии масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстӣ ва густариши ҳамкории ба ҳарду ҷониб судбахш нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Серж Саргсян оғоз ёфта, сипас дар музокироти васеи ҳайатҳои Тоҷикистон ва Арманистон идома ёфт.
Дар ҷараёни мулоқот пешниҳод гардид, ки барои афзоиши ҳаҷми гардиши молу маҳсулот, рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва роҳ ёфтан ба бозорҳои истеъмолии якдигар алоқаи бевосита байни субектҳои амалкунандаи ҳарду ҷониб ба роҳ монда шавад. Ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати куҳӣ, саноати сабуку хурокворӣ, кишоварзӣ, фармасевтӣ ва нақлиётию коммуникатсионӣ, инчунин алоқаю туризм аз самтҳои ояндадори рушди ҳамкории дуҷониба номида шуд.
Аз рӯйи ҷамъбасти вохӯрии дуҷониба ва натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Арманистон Изҳороти муштараки сарони давлатҳо қабул гардида, 9 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки яке аз онҳо Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ буд.
Мавриди зикр аст, ки то имрӯз заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро зиёда аз 30 ҳуҷҷат ташкил медод, ки масъалаҳои гуногуни ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои иқтисодиёт, тиҷорат, кишоварзӣ, тандурустӣ, фарҳанг ва илму маориф дарбар мегирифт.
Сарони ҳар ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Серж Саргсян аз рӯйи ҷамъбасти мулоқоти дуҷониба барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои музокироти сатҳи олиро баҳри рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ неку бобарор арзёбӣ намуданд.