Спитамен: Оилаҳои аз бемории сироятӣ фавтида аёдат карда шуданд

Май 30
07:37 2020

Санаи 29 майи соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода тибқи дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба манзилҳои  фавтидагон аз бемории сироятии илтиҳоби шуш омада, ба аҳли оилаи онҳо таъзияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро расонида, кӯмаки моддӣ супорид.

Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷумла оилаи фавтидаи бемории сироятии илтиҳоби шуш Дилором Нурматова, сокини Ҷамоати шаҳраки Навкат кӯчаи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ №59  ва оилаи аз ин беморӣ фавтида Илҳом Шерматов, сокини ҳамин ҷамоатро аёдат намуда, ба аҳли хонаводаин ин фавтидагон тасаллият баён дошт ва кӯмаки моддӣ супорида шуд.

Раиси вилоят дар сӯҳбат ба сокинон изҳор дошт, алҳол бобати пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла илтиҳоби шуш ва коронавирус дар вилоят тадбирҳои амиқ роҳандозӣ мешаванд. Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  роҳбарону масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарони муассисаҳои ташхису табобат ва ҳар як табиб вазифаҳои хизматии худро бо масъулияти баланд ва бовиҷдонона иҷро менамоянд ва ҳаёти инсонро, ки арзиши олӣ мебошад, ҳаматарафа ҳифз карда, талош меварзанд, ки касе аз ҳаёт маҳрум нагардад.

Кайд карда шуд ки барои пешгирии сироятёбӣ байни аҳоли қоидаҳои гигиенӣ ва меъёрҳои фосилави ҷиддан риоя карда шуда, аз ниқоби муҳофизати ҳатман истифода бурда шавад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 672
  • 1,242
  • 949,692