Бо мақсади тақвият бахшидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар самти пешгирии бемории COVID-19 дар байни аҳолӣ Ташкилоти ҷамъиятии “Иттиҳоди табибони ҷавон”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар ҷойҳои серодами пойтахт аксияи тақсимоти ройгони ниқобҳои тиббӣ ва суҳбат-вохуриҳо дар шакли гардиши ҳавлигӣ ба роҳ мондааст.
Имрӯз, 8 декабри соли равон бо ташаббуси “Иттиҳоди табибони ҷавон” чунин як чорабинии оммафаҳмонӣ ва аксияи тақсимоти ройгони ниқобҳои тиббӣ ба аҳолӣ бо иштироки беш аз 120 нафар табибони ҷавон ва ҳамшираҳои тибби оилавӣ дар марказҳои саломатии шаҳрии №2, №9 ва №10 гузаронида шуд.
Инчунин, дар ҷараёни чорабинӣ аз ҷониби табибони ҷавон ба шаҳрвандоне, ки ниқоби тиббӣ надоранд, зарурат ва моҳияти пӯшидани ниқоби тиббӣ бо мақсади эмин нигоҳ доштани саломатии хеш аз гирифтор шудан ба бемории коронавируси нави COVID-19 корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Ҳамзамон, ба шаҳрвандоне, ки ниқоби тиббӣ надоранд, аз ҷониби табибони ҷавон ба онҳо ниқоб тақсим карда шуд.