Суғд: Ҷамолиддин Абдуллозода бо фаъолияти як қатор муассисаҳои тандурустӣ шинос шуд

Суғд: Ҷамолиддин Абдуллозода бо фаъолияти як қатор муассисаҳои тандурустӣ шинос шуд
Октябр 08
13:22 2022

7 октябри соли равон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо фаъолияти як қатор муассисаҳои тандурустии вилоят, аз ҷумла беморхонаи ҷамоати Чоркуҳи шаҳри Исфара, беморхонаҳои марказии шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, инчунин Беморхонаи клиникии №1-и шаҳри Хуҷанд  шинос шуд.

Бояд гуфт, ки ҳадаф аз боздиди вазир аз муассисаҳои тандурустии номбурда-ин шиносоии бевосита пайдо намудан бо рафти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, омодагӣ ба давраи зимистонгузаронӣ, аз ҷумла захира кардани маводи  сӯзишворӣ, доруворӣ ва ғизоӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мебошад.

Ҳамзамон Ҷамолиддин Абдуллозода дар муассисаҳои тандурустии болозикр бо рафти табобати осебдидагони муноқишаҳои марзӣ низ шинос шуд.

Номбурда зимни суҳбат бо ҷароҳатбардоштагон иброз дошт, ки ҷараёни табобати онҳо зери назорати махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта,  тибқи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҷиҳати ҳарчи зудтар барқарор намудани вазъи саломатии осебдидагон тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона сохтааст.

Қайд карда шуд, ки айни ҳол дар беморхонаҳои мазкур барои табобати беморон тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.

Ҳамзамон, Ҷамолиддин Абдуллозода бо наздикону пайвандони осебдидагони муноқишаҳои марзӣ низ дар беморхонаҳои мазкур суҳбат намудаву аз қаҳрамониҳои сарбозону афсарони ҷасури мамлакат, ки дар роҳи дифои марзу буми  Ватани азизамон ҷароҳат бардоштанд, ёдовар шуда, иброз дошт, ки рафти табобати онҳо таҳти таваҷҷуҳи хосаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат қарор дорад.

Баъдан, ба оилаҳои табибоне, ки бар асари муноқишаҳои марзӣ ҷони худро аз даст доданд, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмакҳои ғизоӣ ва сӯзишворӣ расонида шуд.

Ҷиҳати беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрсонии тиббӣ ба аҳолӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарони муассисаҳои тандурустии болозикр ва Раёсати тандурустии вилояти Суғд дастуру супоришҳои мушаххас дод.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 19
  • 801
  • 1,242
  • 949,821