Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд имрӯз, 9 июли соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба шаҳри Гулистон ташриф оварда, бо рафти сохтмони корхонаи истеҳсоли дору ва Маркази саломатии деҳоти Сирдарёи шаҳри мазкур дидан кард.
Аснои шиносоӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани корҳои сохтмонӣ ва дар муҳлати муайянгардида ба истифода додани иншоотҳои болозикр ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Маврид ба зикр аст, ки давоми солҳои охир дар баробари дигар шаҳру навоҳии мамлакат дар шаҳри Гулистон низ соҳаи тандурустӣ рушду пешрафт намуда, даҳҳо муассисаҳои хуштарҳу замонавии тиббию табобатӣ сохта ва мавриди истифода қарор гирифтанд, ки дар натиҷа сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба маротиб беҳтар гардид.