Суғд: чорабинии бошукӯҳ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

Суғд: чорабинии бошукӯҳ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон
Июн 06
11:39 2019

Дар Боғи фарҳангию фароғатии «Наврӯзгоҳ» – и шаҳри Хуҷанд Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар сатҳи баланд доир гардид. Дар чорабинӣ муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ, роҳбарияти шаҳри Хуҷанд, намояндагони ташкилоту идораҳои вилоятӣ, зиёиён, муҳассилин ва тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабии шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.

Муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ ва ҳайати ҳамроҳонаш аз растаҳои мухталифи ҳунарӣ ва эҷодии кӯдакону наврасон дидан намуда, бахусус ба ҳунари шеърхонӣ, расмкашӣ, ихтироъкорӣ, варзишӣ ва офаридаҳои онҳо баҳои баланд доданд.

Мавриди зикр аст, ки завқи зебоипарастӣ ва табиатдӯстии кӯдакону наврасон сол аз сол боло меравад. Дар чорабинии идона гӯшаҳои зиндаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят диққатҷалбкунанда буд. Тамошобинон, алалхусус кӯдакон ин гӯшаҳоро бо завқи баланд дидан намуда, таассуроти нек бардоштанд.

Ҳамзамон, гӯшаи «Шаҳраки саломатӣ», ки аз ҷониби намояндагони муассисаҳои соҳаи тандурустии вилоят ташкил шуда буд, басо хотирмон ва маърифатомӯз буд.

Дар тантанаи идонаи Рӯзи кӯдакон муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ кулли кӯдакону наврасони вилоятро аз номи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода табрику муборакбод гуфта, барояшон даврони босаодати тифлӣ, осмони соф, оромию осудагӣ ва хандаи беғаши кӯдакиро таманно намуд.

– Дар партави сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизамон ба тарбияи кӯдак ва ташаккули тарзи ҳаёти солими насли наврас, таълиму тарбияи онҳо аҳамияти махсус дода мешавад, зеро рушди минбаъдаи ҷомеа маҳз ба тарбияи дурусти кӯдакону наврасон вобаста мебошад, – зикр дошт Назира Ғаффорӣ.

Мавриди зикр аст, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба рушди муассисаҳои томактабӣ, таъмиру азнавсозии онҳо, боз ҳам беҳтар намудани сифати таълиму тарбияи кӯдакон, фарогирии теъдоди бештари онҳо ба муассисаҳо таваҷҷуҳу эътибори зарурӣ равона намудааст.  Айни ҳол, дар ҳудуди вилоят 263 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, 203 муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳо, 13 муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи ташкилоту корхонаҳо ва 47 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ фаъолият намуда, 42710 нафар кӯдакон ба тарбия фаро гирифта шудаанд.

Баробари ин, тибқи дурнамо дар вилоят таъсис додани боз 48 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба нақша гирифта шуда, азнавсозӣ, таъмиру тармими муассисаҳо, ташкили лагерҳои истироҳатию маърифатӣ ба хотири фаро гирифтани кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо баёнгари таваҷҷуҳи доимии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба насли ояндасоз мебошад.

Барои кӯдакону наврасон аз ҷониби фарҳангчиёни вилоят барномаи рангини ҳунарӣ пешкаш гардид, ки басо хотирмон буд.

Дар ин бора дафтари матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 715
  • 1,242
  • 949,735