Суғд: дар муассисаҳои тандурустӣ вобаста ба пешгирии амалҳои номатлуб чорабиниҳои тарбиявӣ-маърифатӣ доир гашт

Суғд: дар муассисаҳои тандурустӣ вобаста ба пешгирии амалҳои номатлуб чорабиниҳои тарбиявӣ-маърифатӣ доир гашт
Феврал 08
11:39 2024
Бо мақсади амалисозии “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” дар як қатор муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд, аз ҷумла дар Маркази саломатии №1-и шаҳри Хуҷанд, Маркази саломатии ноҳияи Ашт, Дармонгоҳи стоматологии вилояти Суғд ва Маркази саломатии №2-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки роҳбарият ва кормандони муассисаҳои мазкур чорабиниҳои тарбиявӣ-маърифатӣ доир гардид.
Зимни чунин чорабиниҳо гуфта шуд, ки бар асари амалҳои террористӣ дар бисёр мамолики дунё одамони бегуноҳ ба ҳалокат расида, шаҳру деҳот ва ёдгориҳои беназири таърихӣ хароб мегарданд, зарари ба иқтисодиёти кишварҳо расонидашуда ба садҳо миллиард доллар дакка мехӯрад. Идомаи ин зуҳуроти номатлуб аз ҳар ҷиҳат хатарро дар пай дошта, на фақат боиси афзоиши таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ, балки сабаби хуруҷу афзоиши ҳар гуна бемориҳои сироятӣ дар тамоми минтақаҳои олам гардида, солимии ҷомеаро зери суол мебарад, инчунин, гаронии зиёдеро ба буҷети кишвар ворид месозад.
Истиқлол ва ваҳдату сулҳ неъматҳое ҳастанд, ки онҳоро ҳифз бояд кард. Таҷриба собит намудааст, ки нигоҳ доштану тақвият бахшидани истиқлолу ваҳдат чӣ қадар заҳматталабанд ва онҳо дар баробари рушди иқтисоду фарҳанг ва иҷтимоиёт, то чӣ андоза дастоварди нодир маҳсуб меёбанд.
Ҳар як фарди худогоҳ ва ватандӯст бояд дар ҳифзи асолати поки гузашта, нигоҳдории якпорчагии ватан, ягонагии ҷуғрофӣ ва сиёсии кишвар, дифои сулҳу оромӣ, истиқлолу ваҳдати миллӣ масъулиятшинос бошад. Моро лозим аст, ки Ваҳдати миллиро пос дошта, ба қадри ин неъмати бебаҳо ва муқаддас бирасем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 641
  • 1,242
  • 949,661