Суғд: Доир ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ дар муассисаҳои тандурустӣ конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид

Суғд: Доир ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ дар муассисаҳои тандурустӣ конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Март 14
16:42 2024

Дар доираи Нақша-чорабиниҳои маърифатию иттилоотии зидди коррупсионии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 13 марти соли  ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Беморхонаи клиникавии №1-уми шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар мавзўи «Пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки дар он сардори шӯъбаи муқовимат ба коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, подполковники адлия Маҳмудзода О.Ҳ., сарнозири шуъбаи муқовимат ба коррупсияи раёсати Агентии мазкур дар вилояти Суғд, подполковники адлия Ҳамза Ҳакимзода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Ҳабибулло Хайруллозода, роҳбарият ва кормандони соҳа иштирок намуданд.

Сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд  Ҳабибулло Хайруллозода конфронсро ифтитоҳ намуда, доир ба татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.08.2021, №222 «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар вилояти мазкур маълумот пешниҳод намуд.

Қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои ҳарсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаи дастаҷамъиро бар зидди амалҳои номатлуби коррупсионӣ таъкид карда, решакан намудани ин падидаи номатлуби ҷомеаро қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди баору номус меҳисобанд.

Дар идомаи конфронс сарнозири шӯъбаи муқовимат ба коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, подполковники адлия Ҳамза Ҳакимзода доир ба ҳолатҳои  коррупсионӣ ва роҳҳои мубориза алайҳи ин зуҳурот, инчунин, дар самти амалисозии «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва корҳои пешгирии  коррупсионӣ  байни кормандони  соҳаи тандурустӣ суханронӣ намуда, аз оқибатҳои даст задан ба амалҳои ришваситонӣ, масъалаҳои иҷрои ҳатмии талаботи қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва дар амал татбиқ намудани он ба иштирокчиён маълумот дод.

Ҳамзамон, як қатор иштирокчиён низ доир ба самтҳои гуногуни мавзӯи конфронс баромад намуданд.

Дар охир аз ҷониби масъулин қайд гардид, ки дар фаъолияти минбаъда низ ҷиҳати пешгирӣ намудани коррупсия дар доираи ваколат ва имкониятҳои мавҷуда тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандони муассисаҳои соҳаи тандурустии вилоят саҳми назаррас хоҳанд гузошт.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 907
  • 1,242
  • 949,927