Суғд: Соли ҷорӣ 92 иншооти соҳаи нигаҳдории тандурустӣ ба истифода дода шуд

Суғд: Соли ҷорӣ 92 иншооти соҳаи нигаҳдории тандурустӣ ба истифода дода шуд
Декабр 29
12:41 2020

Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нигаҳдории тандурустии виляти Суғд бо маблағгузорӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо сохтмон, таъмир ва азнавсозии 459 иншооти соҳа ба нақша гирифта шудааст.

Дар соли 2020 бояд 123 иншооти тандурустӣ, аз ҷумла 15 беморхона, 39 бунгоҳи саломатӣ, 20 маркази саломатӣ, 5 таваллудхона, 13 нуқтаи хатна ва 31 дорухона сохта ва азнавсозӣ карда шавад. Дар 11 моҳи соли равон сохтмон ва таъмиру азнавсозии 92 иншоот, аз ҷумла 7 беморхона, 20 бунгоҳи саломатӣ, 24 маркази саломатӣ, 4 таваллудхона, 10 нуқтаи хатнаи кўдакон ва 27 дорухона ба итмом расонида шуда, дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ ҷараён дорад.

Мавриди зикр аст, ки дар вилоят 936 муассисаи тандурустии давлатӣ, аз ҷумла 132 муассисаи сохтори госпиталӣ, 649 муассисаи сохтори КАТС, 155 муассисаи махсусгардонидашуда ва 253 муассисаи тиббии хусусӣ фаъолият дошта, дар таъмини саломатии аҳолӣ нақши шоиста доранд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 974
  • 1,242
  • 949,994