Суғд: Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода аз муассисаҳои тандурустӣ дидан намуд

Суғд: Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода аз муассисаҳои тандурустӣ дидан намуд
Декабр 18
13:44 2020

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, бо мақсади шиносоӣ  пайдо намудан бо ҷараёни  корҳои сохтмонии иншоотҳои ҷашнӣ Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ҷамолиддин Абдуллозода дар вилояти Суғд қарор дорад.

Дар доираи сафари кории хеш имрӯз, 18 декабри соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода аз фаъолияти якчанд муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, зеристгоҳи барқӣ ва Қасри ҷавонони шаҳри Хуҷанд боздид ба амал овард.

Ҳамзамон, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ҷамолиддин Абдуллозода аз фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ низ дидан намуда, бо фаъолияти онҳо шинос гардид.

Махсусан,  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ба Таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд ва Беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф овардаву бо фаъолияти онҳо шинос шуда, бо беморон низ гуфтугӯи озод анҷом дод.

Мавсуф дар бо роҳбарият ва кормандони муассисаи мазкур масъалаҳои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, назорати беморон, омодагӣ барои муътадил гузаронидани фасли зимистон ва дигар масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои мавҷуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 634
  • 1,242
  • 949,654