Суханронии Насим Олимзода Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба рӯзи кормандони тиб

Август 19
20:51 2017

Меҳмонони олиқадр!

Устодон ва ҳамкасбони азизу гиромӣ!

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи марказии иттифоқҳои касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли бисту дуюм аст, ки зодрӯзи  фарзанди фарзонаи миллат, аллома Абӯалӣ ибни Синоро  ҷашн мегиранд.

Аз фурсат истифода бурда, Шумо, ҳамкасбони мӯҳтарам ва дар симои Шумо тамоми кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистонро бо Рӯзи кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, ба ҳамаи шумоён тансиҳатӣ, умри бобаракату хонаободӣ таманно менамоям. Кормандони соҳаи тандурустӣ иди касбии худ ва зодрӯзи ҳакими бузург Абӯалӣ ибни Синоро дар соли таҷлили 20 – солагии Ваҳдати миллӣ ва арафаи ҷашнгирии бисту шашумин солгарди истиқлоли кишвар бо дастовардҳои назарраси касбӣ истиқбол мегиранд. Мавриди зикр аст, ки имсол маҷлиси тантанавӣ бахшида ба иди касбӣ дар толори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ин манбаи илму маърифати тиб, дорои муқаддасоти аҳли зиёиёни номбардори ҳомиёни солимии миллат, меҳру садоқати табибон баргузор гардида, ба моён ҳатто муҳити иштирокдорӣ дар ин макон файзу фараҳ мебахшад. Мо имсол барои ҳамоиши худ беҳуда ин толорро интихоб накардем. Соли 2017 бо ташаббуси Пешвои миллат «Соли ҷавонон» эълон гардидааст. Бештари кормандони тандурустии имрӯзаро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, ояндаи миллат ва давлат мебошанд ва дар ин  ҷода маҳз Донишгоҳи тиббӣ – сарчашмаи афроди лаёқатманд, ихтироъкор ва навҷӯи соҳаи тандурустии кишвар маҳсуб дониста шудааст. Дар ин раванд рушду камолоти ҷавонони моро бе роҳнамоии олимони бузургу мураббиёни ғамхор тасаввур кардан имконнопазир аст. Аз ҳамин остонаи пурфайзи илму дониш ҳамаи моён бо дуои неки устодони барҷастаи тоҷик бо самимияти падаронаю муҳаббати модарона ба роҳи душвору ҳамзамон бошарафи табибӣ бо савганди ворисони Синои бузург дар дил қадамҳои нахустини худро гузоштаем. Дар воқеъ, дар навори видеоии имрӯз намоишдодашуда имконияти симои ҳамаи устодони барҷаставу собиқадорони шарафманду азизи тандурустии кишварамонро сабт кардан ғайриимкон бошад ҳам, лекин ҳамаи фарзандони фарзонаи тибби Тоҷикистон шоистаи дастгирию ифтихори мо ва меҳри шумоён дар дилу дидаи ҳар яки мост.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди идома бахшидани ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ба масъалаҳои беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин, рушди шаклҳои нави кӯмаки аввалияи тиббиву санитарӣ аҳамияти хоса медиҳад. Дар тӯли солҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаи тандурустӣ дастовардҳои зиёде ба амал омада, онҳо пайвасти сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.  Танҳо дар понздаҳ соли охир бо мақсади беҳдошти шароити зиндагӣ ва кору фаъолияти самараноки табибон маблағгузории соҳаи тандурустӣ 19 баробар афзоиш ёфта, то имрӯз дар соҳа зиёда аз 20 барномаи миллӣ амалӣ шуда истодааст. Маҳз дар соли равон таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқӣ бо қабули як санади тозабунёд, яъне Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маъқул дониста шудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», тасдиқи барномаҳои миллии муҳими соҳа боиси беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои солимии аҳолӣ, аз ҷумла паст шудани фавти модарону кӯдакон, кам гардидани шумораи маъюбӣ ва вусъат ёфтани  солимгардонии маъюбон, дар сатҳи мӯътадил қарор гирифтани вазъи бемориҳои сироятии ниҳоят хавфнок, тавассути обгузаранда, бо ваксина идорашаванда, беморшавӣ бо вируси норасоии масунияти одам,  тамоюли устувори коҳиш ёфтани бемории сил, мустаҳкам гардидани заминаи моддию техникии инфрасохтори тандурустӣ, вусъат ёфтани татбиқи усулҳои нави ташхису табобат, хусусан дар самти пайвандсозии узвҳо ва ҷарроҳии дилу рагҳо, ба роҳ мондани ташхиси бемориҳои ирсӣ, истеҳсоли воситаҳои тавонбахшӣ ва беҳтар шудани дастрасии ниёзмандон ба онҳо, таъминоти амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ тавассути ваксинатсия ва пурзӯр намудани назорати давлатии хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ, хусусан назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ дар самти рушди механизми воридоти маводҳои дорувории баландсифат ва танзими нархи онҳо тавассути такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин, ҷиҳати воридоти маҳсулоти хориҷӣ дар баробари зиёд намудани истеҳсолоти маводҳои ватанӣ ва молҳои содиротию воридотивазкунанда  гардиданд. Илова бар ин, ба хотири ҳарчи зудтар бо мутахассисони сатҳи баланди касбӣ таъмин кардани муассисаҳои тандурустӣ дар вилояти Хатлон дуюмин донишгоҳи давлатии тиббии мамлакат таъсис дода, аллакай натиҷаҳои хуби ин иқдоми Сарвари давлат ҷиҳати ба таҳсил фаро гирифтани донишҷӯён аён шуда истодаанд. Тавре Роҳбари давлат дар паёми худ иброз доштанд, «масъалаҳои мустаҳкам кардани пояҳои ахлоқии ҷомеа, ташаккули афкори эҷодиву созандаи халқ ва гиромидошти арзишҳои фарҳанги милливу умумибашарӣ дар сиёсати давлат мавқеи асосӣ дошта, тамоми муассисаҳои фарҳангӣ, воситаҳои ахбори омма, телевизион ва радио, шабакаҳои иҷтимоӣ вазифадоранд, ки фаъолияти худро доир ба ҳалли масъалаҳои зикршуда, пеш аз ҳама, ҳифзи истиқлолият, инчунин, инкишофи тафаккури миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа, ҳифзи мероси гаронбаҳои миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи он ба ҷаҳониён тақвият бахшанд”. Вазорат паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори ҳар як корманди соҳа карда, барои  иҷрои дастуру супоришҳои дар он баёнгардида, аз ҷумла ҷиҳати бо таҷҳизоти муосир таъмин намудани озмоишгоҳи ташхиси маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, танзими арзиши доруворӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсоли дору ва рушди саноати дорусозӣ бо ҷалби сармояи мустақим, инчунин, дар самти таъмин намудани самаранокии пешниҳоди кӯмаки унвонӣ ва дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеа тамоми кӯшишу ғайрати худро равона намояд. Ба кор шурӯъ намудани муассисаҳои давлатии “Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”, “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” дорои таҷҳизоти нодир, ифтитоҳи шӯъбаи пайвандсозии мағзи устухон, оғози корҳои илмию тадқиқотӣ вобаста ба коркарди гиёҳҳои шифобахши мавзеъҳои хушманзари “Канаск” – минтақаи Ромит, Сари Хосор, ноҳияҳои Балҷувону Ховалинг иқдомҳои амалишудаистодаи сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат мебошад. Дар тамоми ҷанбаҳои ислоҳоти соҳа саҳми олимони тоҷик назаррас аст. Бар замми ин, устодони муаззами илти тиб шогирдону пайравони шоистаи худро тарбия кардаанд. Мисоли ин, маърӯзаю баромадҳои олимони ҷавони тоҷик аз минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, ҷоизаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла сарфарозгардонии занони ихтироъкори тоҷик дар Форуми занони ихтироъкорони ҷаҳон бо медалҳои тиллову нуқра барои ихтирои маводҳои доруворӣ ва медали биринҷӣ бо «Гран – при» – и форум барои ихтирои «Тарзи барқароркунии пайвандакҳо ҳангоми оқибатҳои осеби асаби соид» мебошанд.

Ҳамкасбони азиз!

Ҷомеаи ҷаҳонӣ мувофиқи  қарорҳои  Шӯрои Умумиҷаҳонии Сулҳ ва ЮНЕСКО 2 маротиб – солҳои 1952 (солшумории ҳиҷрии қамарӣ) ва 1980 (солшумории мелодӣ) ҳазорсолагии зодрӯзи мутафаккири барҷаста, духтури ҳозиқ, файласуф, олими гуногунсоҳа, маорифпарвар, классики адабиёти форс-тоҷик Абӯалӣ ибни Синоро ҷашн гирифт, ки номи ӯ дар мамлакатҳои Ғарб чун Авиценна машҳур аст.

Абӯалӣ ибни Сино аз мутафаккирони намоёнтарину бузургтарини асрҳои миёна аст, ки ба инкишофи соҳаҳои гуногуни илми ҳам замони худ ва ҳам давраҳои минбаъда таъсири азим расонидааст.

Асарҳои безаволи Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино мисли «Алқонун», «Урҷуза фит-тиб», «Ал-адлия», «Ал-қалбия» ва «Рагшиносӣ» манбаъ ва сарчашмаи боэътимоди тибби муосир мебошад ва то ба имрӯз аз он олимон, файласуфон ва табибон дар тамоми гӯшаю канори дунё ба таври васеъ истифода мебаранд.

Дар умри кӯтоҳ ва бобаракати худ, Шайхурраис барои оламиён мероси гаронмоя гузошт, ки на ҳамаи он бо забони модариамон дастраси мову шумо гаштаанд.

Дарки ин ҳақиқат, мо – ворисони аслии ҳакими бузург ва файласуфи беназирро водор месозад, ки барои бо пуррагӣ ба забони модариамон нашр шудан ва мавриди омӯзиши ҳамагонӣ қарор гирифтани асарҳои он пайваста кӯшиш намоем, зеро «.. бидуни дифоъ аз ифтихорот ва мукаддасоти миллӣ, бидуни дифоъ аз ватан, модар, ору номуси миллӣ ва фарри ориёӣ наметавон худро соҳибватан хонд».

Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз дар муассисаҳои  табобатии  кишвар ҳазорон нафар табибон ва кормандони миёнаи тиб фаъолият мекунанд, ки ҳаёти худро ба ин пешаи пурифтихор ва накӯ бахшидаанд.

Беҳтарин коре, ки мову Шумо барои оромии рӯҳи ниёгони бузургамон карда метавонем, садоқат ба Савганди табиби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки масъулият  идома додани анъанаҳои  неки устодони барҷастаи тибби Тоҷикистон мебошад.

Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамаи дастовардҳо ва пешравиҳои имрӯзаи соҳаи тандурустӣ бевосита ба нангу номуси ватандорӣ, меҳнати ҳалол, фидокорӣ, заҳматкашӣ, заковату хирадмандӣ ва обрӯю эътибори сиёсии он кас пайваста мебошад, «сиҳатии оммаро – бойгарии давлат» эълон дошта, таъкид кардаанд, ки «миллати солим таҳкурсии ҷомеаи солим» аст. Ин бори дигар мо, кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро водор менамояд, ки дар атрофи Сарвари дурандеши тоҷикон муттаҳид гардида, сулҳу салоҳ, якдигарфаҳмӣ, ваҳдату  дӯстиро дар кишварамон мустаҳкам намоем ва барои ободу зебо гардидани Ватани азизамон саҳмгузор бошем. Бояд ҳар як корманди соҳаи тиб ин суханони Президенти кишварро шиори худ қарор диҳад ва кӯшиш намояд, ки заҳмати  ҳаррӯзаи ӯ саҳме барои андӯхтани ин сарват гардад. Бигзор зери партави сиёсати хирадмандона, ҳадафҳои наҷиби созандагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои волои истиқлолият, зиндагии осоиштаи мардум ҳидоятгар мақсаду маром ва раҳнамои мо ба хотири ободии Ватан ва сарзамини маҳбубамон гарданд!

Ман дар ин ҷода аз номи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳамаи шумо нишоту комгориҳои иҷтимоию хусусӣ орзу намуда, лутфан барои меҳнати фидокорона, дастони моҳир ва дарёдилӣ бароятон миннатдорӣ изҳор менамоям. Чунин мешуморам, ки барои ҳар яки Шумо иззату эҳтиром, эътирофи мизоҷон ва  сипосгузории беморон беҳтарин мукофот аст!

Дар охир, бо ҳамин таманиёти нек бори дигар Шумо, ҳамкасбони мӯҳтарамро ба муносибати иди касбӣ табрику муборакбод намуда, ба Шумо тансиҳатӣ, хушиқболӣ ва дар фаъолияти меҳнатиатон комёбиҳои беназирро орзумандам.

Сарбаланду хонаобод ва тансиҳату фараҳманд бошед!

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 692
  • 1,242
  • 949,712