СУТ даъват намуд, ки бо сабаби коронавирус дигар карантин ҷорӣ нашавад

СУТ даъват намуд, ки бо сабаби коронавирус дигар карантин ҷорӣ нашавад
Август 19
07:51 2020

Сарэпидемиологи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ  Мария Ван Керкхово (ДАР АКС) дар мусоҳиба бо нашрияи бритониёии «The Telegraph» аз кишварҳои олам даъват кард, ки барои мубориза бо коронавирус такроран маҳдудиятҳои шадид ҷорӣ накунанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ин кор, ба гуфтаи Керкхово, дар сурати фаро расидани мавҷҳои дуюм ва минбаъдаи коронавирус қобили қабул нест. Чунки оқибатҳои иқтисодии маҳдудиятҳо он қадар манфӣ буданд, ки тамоми бартариҳои мусбати тиббии онҳоро  сифр намуданд.

Коршиносони СУТ мегӯянд, ки нигоҳ доштани фосилаи иҷтимоӣ ва пӯшидани ниқобҳои муҳофизатӣ кифоя хоҳад буд.

Ногуфта намонад, ки ҳангоми хуруҷи пандемия ҳамин коршиносон ба ҳама кишварҳо маслиҳат доданд, ки карантини шадид ҷорӣ кунанд. Ва мегуфтанд, ки карантин густариши уфунатро суст ва оқибатҳои онро сабук хоҳад кард.

Акнун СУТ онро «фалокати наслӣ» номидааст, чунки ҳангоми карантин мактабҳо баста буданд ва кӯдакон таҳсил намекарданд. Коршиносон инчунин иқрор шуданд, ки бо сабаби маҳдудиятҳо беморони вазнини гирифтори саратон, сактаи мағз ва сактаи дил аз кумаки зарурӣ ва нигоҳубин маҳрум монданд. Илова бар ин, рӯҳафтодагӣ, низоъҳои иҷтимоӣ ва бекорӣ шурӯъ шуд.

Ғайр аз ин, уфунатшинос  ба чунин назар аст, ки ваксинаи коронавирус ҳадди аққал то шаш моҳи дигар таҳия нахоҳад шуд, аз ин рӯ беҳтар аст, ки аз афзори ҳоло дастраси «инфиродӣ, мушаххас, локализатсияшуда» истифода шавад:

Назорат намудани тамосҳо;

Гузаронидан аз санҷиши оммавии тестӣ;

Муҷаҳҳаз намудани муассисаҳои тиббӣ;

Нигоҳ доштани фосилаи ҷисмонӣ;

Пӯшидани ниқобҳо.

«Ин танҳо як чора нест, ҳамаи чораҳои мавҷуда бояд якҷоя истифода шаванд. Ин кор медиҳад. Сабаби он ки мо мегӯем, ки ин кор медиҳад,  дар он аст, ки мо медидем, ки ин чӣ тавр сурат мегирифт. Мо дидем, ки чӣ тавр кишварҳо хуруҷҳои уфунатро зери назорат қарор медиҳанд», — гуфт ӯ зимни мусоҳиба.

 АКС: СУТ

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 915
  • 1,242
  • 949,935