СУТ фарқияти нишонаҳои зуком ва коронавирусро номбар кард

СУТ фарқияти нишонаҳои зуком ва коронавирусро номбар кард
Ноябр 12
14:32 2020

Коронавируси COVID-19 ва зуком нишонаҳои монанд доранд, аммо сироятёбӣ аз коронавирус метавонад илова бар ин сабаби гум шудани эҳсоси таъм ва бӯй, инчунин нафастангӣ ва ҳарорати бештар аз 38 дараҷа гардад. Тавре «РИА Новости» имрӯз хабар додааст, дар ин хусус Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) ибрози назар намудааст.

«COVID-19 ва зуком нишонаҳои ба ҳам монанд доранд, чунончи сулфа, зуком, дарди гулӯ, таб ва хастагӣ. Вале COVID-19 метавонад сабаби пайдо шудани нишонаҳои иловагӣ, чунончи гум шудани ҳисси таъм, бӯй ва нафастангӣ шавад», — зикр намудаанд дар СУТ.

Мутобиқи маълумоти Созмони мазкур, нишонаҳои шакли вазнини COVID-19 дар шакли нафастангӣ, надоштани иштиҳо, дарди доимӣ ё фишор дар қафаси сина, ҳарорати бештар аз 38 дараҷа ва инчунин парешонхотирӣ зоҳир мешаванд.

Шахси дорои нишонаҳои шакли вазнини беморӣ бояд фавран барои дарёфти кумаки тиббӣ муроҷиат кунад. Ҳатто дар сурати пайдо шудани нишонаҳои сабуки COVID-19, одамони гирифтори бемориҳои музмин, калонсолон, кӯдакони то панҷсола ва занони ҳомиладор бояд ба духтурон муроҷиат кунанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 689
  • 1,242
  • 949,709