Созмони Умумиҷаҳони Тандурустӣ (СУТ) хурӯҷи коронавируси нав COVID-19 –ро пандемия эълон намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти СММ.
«Пандемия сухане нест, ки онро бе андеша ё бепарво истифода баранд. Ин вожаест, ки дар сурати истифодаи нодуруст тарсу ҳароси беасос ё худ эътирофи бемояро дар бораи он, ки мубориза анҷом пазируфт ва акнун ин метавонад ба дарду алам ва марг расонад, дар тафаккури одам ба вуҷуд меорад», — изҳор намуд роҳбари СУТ Теодор Гебрейесус дар брифинги анъанавии матбуотӣ.
Пандемия- ин паҳншавии бемории нав дар миқёси ҷаҳон аст. Одатан, пандемия гуфта, бемориеро дар назар доранд, ки он хусусияти оммавӣ дошта, қисми зиёди аҳолиро гирифтор месозад. Қаблан хурӯҷи вабо ва тоун низ чун пандемия эътироф гардида буданд.
Ба қавли роҳбари СУТ, ояндаи наздик беморӣ боз ҳам шиддат ёфта, сабаби марги одамон дар кишварҳои зиёд мегардад. Айни ҳол беморӣ дар 109 кишвар ба қайд гирифта шудааст.
СУТ шарҳ дод, ки тавсифи вазъ ҳамчун пандемия на арзёбии таҳдиди вирус ва на муқовимат алайҳи онро тағйир намедиҳад.
Тибқи маълумоти охир, дар тамоми ҷаҳон коронавируси намуди нав дар зиёда аз 121 ҳазор нафар одамон ба қайд гирифта шуда, беш аз 4 ҳазор бемор ҳалок гаштаанд. Дар Россия 31 ҳолати сироят бо COVID-19 тасдиқ шудааст. Аксари сироятшудагон онҳоеанд, ки қаблан аз Италия омада буданд, аз ин сабаб, Россия барои додани раводид ба шаҳрвандони ин кишвар маҳдудияти муваққатӣ ҷорӣ намудааст.
Маврид ба зикр аст, ки то имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Аммо, новобаста ба ин, чораҳои пешгирӣ аз интиқоли он ба кишвар рӯз то рӯз пурзӯр карда мешаванд.
То имрӯз, 12 марти соли равон 1594 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои Эрон, Афғонистон, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Италия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд, ба карантин фаро гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 1237 нафарашон ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни замон 357 нафари онҳо дар карантин қарор доранд.