СУТ оид ба штамми нави коронавирус ҷаласаи таъҷилӣ доир мекунад

СУТ оид ба штамми нави коронавирус ҷаласаи таъҷилӣ доир мекунад
Декабр 23
14:32 2020

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) ният дорад, ки барои баррасии мутатсияи нави коронавирус ҷаласаи таъҷилӣ даъват кунад. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, директори минтақавии СУТ дар Аврупо Ҳанс Клюге дар ин бора 22 декабр дар саҳифаи худ дар Твиттер  навиштааст.

Ба гуфтаи намояндаи СУТ, замони баргузории ҷаласа ҳанӯз муайян нашудааст. Ҳанс Клюге инчунин зикр кардааст, ки ҳоло дарёфти маълумоти бештар дар бораи вируси нав ва тавассути маҳдудияти нав пешгирии паҳншавии он муҳим аст.

Дар ҳоле, ки навъи нав ва зоҳиран сирояткунандатари коронавирус боиси нигаронии ҷиддии ҳукуматҳои тамоми ҷаҳон шудааст, СУТ даъват мекунад, ки ба таҳлука наафтанд. «Ҳатто агар суръати паҳншавии вирус каме зиёдтар бошад ҳам, онро ҳоло ҳам боздоштан мумкин аст», — гуфт Майкл Райан, ҳамоҳангсози СУТ оид ба расонидани кумаки фавқулода.

Майкл Райан гуфт, ҳеҷ далеле вуҷуд надорад, ки штамми нав раванди бемориро вазнинтар кунад. Вай инчунин гуфт, ки муқовимати штамми нав  дар муқобили ваксинаҳои коркардшаванда ҳоло дар чандин озмоишгоҳҳо санҷида мешавад. СУТ бар ин назар аст, ки стратегияи мубориза бо штамми нав бетағйир боқӣ хоҳад монд, он ягон тағйирот талаб намекунад.

Пештар хабар дода шуда буд, ки штамми нави коронавирусе, ки рӯзҳои охир дар ҷануби Британия сабт шудааст, сабаби хуруҷи бемориҳо гардидааст, Сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон изҳор доштааст, ки мутатсияи нави коронавирус нисбат ба навъи қаблан маълум то 70% бештар сирояткунандатар аст. Бо ҳамин сабаб дар Лондон ва ҷанубу шарқи Англия аз 20 декабр маҳдудияти шадидтар ҷорӣ карда шудаанд. Як қатор кишварҳо эълон намуданд, ки иртиботи ҳавоиро бо Британия муваққатан қатъ мекунанд.

Мутатсияи нави коронавирус ба ғайр аз Британия аллакай дар Австралия, Исландия, Италия, Ҳолланд, Дания ошкор шудааст.

АКС: аз бойгонӣ ва Twitter (cкриншот)

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 960
  • 1,242
  • 949,980