СУТ тавсия медиҳад, ки дар дохили хона ва берун аз он дар ҳолати имкон надоштани риояи фосила ниқоб пӯшида шавад

СУТ тавсия медиҳад, ки дар дохили хона ва берун аз он дар ҳолати имкон надоштани риояи фосила ниқоб пӯшида шавад
Декабр 04
07:42 2020

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ  (СУТ) чунин мешуморад, ки ҳангоми пандемия дар дохили бино ва берун аз он, бо шумули мағозаҳо, мактабҳо ва ҷойҳои кори дастаҷамъӣ, агар риояи фосила на камтар аз як метр ғайри имкон бошад, пӯшидани ниқоб зарур аст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти ахбори ОГОН иттилоъ медиҳад, дар ин бора дар дастурҳои раҳбарикунандаи СУТ, ки 2 декабр дар Женева интишор ёфтаанд, гуфта шудааст.

 Таъкид шудааст, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ки эҳтимоли пайдоиши манбаҳои паҳншавии коронавирус мавҷуд аст, СУТ маслиҳат медиҳад, ки “чӣ дар дохили биноҳо, аз ҷумла дар мағозаҳо, ҷойҳои кори умумӣ ва мактабҳо ва чӣ дар беруни биноҳо, ки фосилагирии ҷисмонӣ ба андозаи ҳадди ақалл як метр ғайриимкон аст, ниқобҳои ғайри тиббӣ» пӯшида шаванд. Ғайр аз ин, созмон тавсия медиҳад, ки сарфи назар аз имконоти нигоҳ доштани фосилаи зарурӣ, ҳамеша дар дохили биноҳое, ки ба таври бояду шояд ҳаво дода намешаванд, бояд ниқоб пӯшида шавад.

Ин тавсия ҳам ба калонсолон ва ҳам ба кӯдакони 12-сола ва калонтар дахл дорад. Барои кӯдакони то панҷсола пӯшидани ниқоб тавсия дода нашудааст ва барои кӯдакони синни аз 6 то 11-сола тасмим дар бораи пӯшидани ниқоб ё напӯшидани он бо дарназардошти вазъи мушаххаси вобаста ба интиқоли коронавирус дар минтақаи муайян, инчунин қобилияти кӯдак барои истифодаи дурусти ниқоб ва имкони назорати онҳо аз тарафи калонсолон гирифта мешавад, шарҳ доданд дар СУТ.

АКС аз бойгонӣ

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 712
  • 1,242
  • 949,732