ТҲС — МАРОМИ МОСТ! Дар Тоҷикистон Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим таҳия карда мешавад

ТҲС — МАРОМИ МОСТ! Дар Тоҷикистон Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим таҳия карда мешавад
Декабр 02
13:14 2020

Дар Тоҷикистон ба таҳияи лоиҳаи Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим барои солҳои 2021-2025 шурӯъ мекунанд. Чунин супориш аз ҷониби Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҷаласаи навбатии Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки 27 ноябри соли равон баргузор гардид, дода шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, дар маҷлис оид ба ҷараёни иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2010 «Дар бораи Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» ҳисоботи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода шунида шуд. Тавре таъкид гардид, дар тӯли даҳ соли охир дар доираи татбиқи Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирию таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ташаккули тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ тадбирҳои зиёди муҳиму муассир анҷом дода шуданд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор гардиданд, ки лоиҳаи Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025-ро таҳия карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, ҷиҳати такмил додани механизми пешгирии бемориҳо ва таблиғи тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ дар асоси шарикӣ бо ҷомеа ва баланд бардоштани масъулияти аҳолӣ барои солимии худ ва атрофиён чораҳои дахлдор роҳандозӣ намоянд.

Санад таҳияи тадбирҳоеро дар бар мегирад, ки ба такмили механизми пешгирии бемориҳо ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ дар асоси шарикӣ бо ҷомеа ва баланд бардоштани масъулият барои солимии худ ва атрофиён нигаронида шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон солиёни зиёд аст, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳолиро ба тарзи ҳаёти солим (ТҲС) даъват мекунанд. «Дар оянда, мо бояд ба оммавигардонии варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва тарбияи ҷисмонӣ аҳамияти аввалиндараҷа диҳем ва барои таҳкими солимии аъзои ҷомеа шароити боз ҳам беҳтар фароҳам орем», — гуфтанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи Паёми соли гузаштаашон ба Парлумони мамлакат.

Бо супориши Сарвари давлат, мақомоти Тоҷикистон барои решакан кардани одатҳои бади аҳолии ҷумҳурӣ як зумра тадбирҳои қатъӣ андешиданд: шумораи шахсони сигоркаш, истеъмолкунандагони нӯшокиҳои спиртӣ ва шаҳрвандони фарбеҳ якбора коҳиш ёфт.

Соли 2018 Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини тарзи ҳаёти солими аҳолии мамлакат медал тақдим кард.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 911
  • 1,242
  • 949,931