Таҷлили истиқлолият бо иштироки академикҳои соҳаи тиб

Таҷлили истиқлолият бо иштироки академикҳои соҳаи тиб
Сентябр 05
12:11 2019

Бахшида ба таҷлили 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Беморхонаи Марказии шаҳри Ваҳдат чорабинии идона баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбари Муассисаи давлатии “Академияи илмҳои тиббии Тоҷикистон”  Алиҷон Ғоибзода, академик Ғиёсиддин Меъроҷов, намоянда аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, роҳбарияти Беморхонаи марказии шаҳри мазкур ва доираи васеи кормандони соҳаи шаҳр иштирок намуданд.

Президенти Академияи илмҳои тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиҷон Ғоибзода, академик Ғиёсиддин Меъроҷов дар назди кормандони соҳаи тибби шаҳри мазкур баромад намуда, доир ба ин санаи муҳими таърихӣ ибрози назар намуданд.

Дар чорабинӣ махсус зикр гардид, ки пас аз ба даст овардани Истиқлолият  тандурустӣ  низ дар баробари дигар соҳаҳо низ  рушд намуда, ба дастовардҳои назарррас ноил гардид.

Аз ҷониби меҳмонон махсус қайд гардид, ки маҳз бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илми тибби кишвар низ дар замони Истиқлолият хеле рушд намуда, бидуни шак он имрӯз ҳамқадами илми тибби ҷаҳонӣ мебошад. Зеро,  тайи чанд соли охир аз ҷониби олимони тибби тоҷик дар самтҳои ҷарроҳӣ ва табобат усулҳои нав дар амал ҷорӣ карда шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлол гардид ва ин санаи муҳими тақдирсоз ҳамасола дар сар то сари мамлакат бо шукуҳу  шаҳомати хоса таҷлил  карда мешавад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 740
  • 1,242
  • 949,760