1 апрели соли 2022 дар бинои Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими қабули 14 адад инсинераторҳо, ки дар доираи Лоиҳаи Алянси глобалии ваксинаҳо ва иммунизатсия (АГВИ) оид ба “Устувор намудани системаи глобалии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” харидорӣ карда шудааст, сурат гирифт.
Қайд карда шуд, ки партовҳои тиббӣ ба кормандони соҳаи тибб, беморон ва муҳити атроф зарари зиёд мерасонад, аз ин лиҳоз бехатар ҷамъоварӣ намудан, интиқол додан ва маҳв кардани партовҳои тиббӣ яке аз самтҳои афзалитянок соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад.
Дастгоҳҳои мазкур ё ба истилоҳ инсинераторҳо шароити мусоидро барои муттамарказ несту нобуд сохатни партовҳои тиббӣ фароҳам оварда, мувофиқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба шаҳру ноҳияҳо дастрас ва васл карда мешавад.