Тақдими 54 нақлиёти ёрии таъҷилӣ ба вазорат

Тақдими 54 нақлиёти ёрии таъҷилӣ ба вазорат
Март 18
16:16 2022

Яке аз бахшҳои муҳими хизматрасонии тиббӣ-ин расонидани ёрии аввалия ба аҳолӣ  мебошад, ки барои анҷоми ин амал нақлиётҳои ёрии таъҷилӣ муҳим мебошанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари таъмини пойгоҳҳои муассисаҳои тандурустии кишвар бо таҷҳизотҳои муосири тиббӣ, ҳамзамон баҳри рушди кӯмаки аввалияи тиббӣ низ тадбриҳои муҳиму саривақтиро андешида истодааст.

Дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҳукумати Тоҷикистон бо кишвари Япония имрӯз ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи грантии  Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ 54 нақлиёти ёрии таъҷилӣ, ки 34 адади он нақлиётҳои хурд ва боқимонда нақлиётҳои калонҳаҷме, ки дар шароити куҳистон созгор мебошанд, тақдим карда шуд.

Дар дохили нақлиётҳои  мазкур дефибриллятор, тонометр, балони оксиген, кати интиқоли бемор ва дар умум маҷмӯи лавозимоти эҳё  мавҷуд мебошад, ки барои ёрии аввалияи тиббӣ ба беморон хизмат мерасонанд.

Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик ҳамзамон 40 адади дигар чунин нақлиётҳои ёрии таъҷилӣ ба кишвар ворид гарданд.

Бояд гуфт, ки маросими супоридани нақлиётҳои мазкур имрӯз, 18 марти соли равон дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Сафорати Япония дар Тоҷикистон, ташкилоти JICA дар Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Нотиқон зимни суханронии хеш аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, ин иқдомро идомаи равобити дустонаи ду кишвар маънидод намуданд.

Аллакай як қисми нақлиётҳои мазкур ба ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Кӯлоб, Айнӣ, Ҷамолиддини Балхӣ интиқол дода шуда, дар доираи талабот боқимонда нақлиётҳо ба дигар шаҳу навоҳии кишвар дастрас карда мешаванд.

Маврид ба зикр аст, ки дастрасии чунин нақлиётҳои ёрии таъҷилӣ баҳри боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар манотиқи гуногуни кишвар саҳми назаррас хоҳанд гузошт.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 919
  • 1,242
  • 949,939