ТАҚДИМИ МАВОДИ ДОРУВОРӢ БА МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИЯВИИ САРАТОНШИНОСӢ

ТАҚДИМИ МАВОДИ ДОРУВОРӢ БА МАРКАЗИ  МИЛЛИИ ҶУМҲУРИЯВИИ САРАТОНШИНОСӢ
Ноябр 11
07:45 2021

Дар доираи ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, дар доираи ҳамкориҳо бо ташкилоти “Foundation Ameicares” (ИМА) аз ҷониби муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси кумитаи миллӣ оид ба нуфуси аҳолӣ ва рушд, сафири некўирода оид ба саратони ғадуди ширӣ Хайринисо Юсуфӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ғайридавлатии “Авеста” бо иштироки Муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Муҳсин Ғафурзода ба Маркази миллии ҷумҳуриявии саратоншиносӣ 16 номгўйи маводи дорувории зиддихимиявӣ ба маблағи 1 миллиону 651 ҳазор доллар тақдим гардид.

Бояд ёдорвад шуд, зимни суханронии худ дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаи тандурустӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустиро яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон номиданд. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар низоми ҳифзи иҷтимоии комилан нав ташаккул ёфта, ҳоло дар марҳалаи рушд қарор дорад. Хукумати мамлакат дар ин давра ба пешрафти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои ҳалли мушкилоти ин соҳаи ҳаётан муҳим тадбирҳои зиёдеро амалӣ гардонид.
Ҳифзи сиҳатии модарону кӯдакон яке аз масъалаҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Ғамхорӣ дар ҳаққи наврасону ҷавонон ва таҳти назорат қарор додани вазъи саломатии онҳо метавонад тавлиди насли солимро таъмин намояд.

Вобаста ба ин, аз ҷониби кумитаи миллӣ оид ба нуфуси аҳолӣ ва рушд дар ҳамкорӣ бо роҳбари ташкилоти ғайридавлатии “Авеста” Фирўза Абдуллоева ва шарикони рушд имрўз ба 5 таваллудхонаи шаҳри Душанбе маводи дорувории “Сурванта” ба маблағи 100 ҳазор доллар низ тақдим карда шуд.
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Кумитаи миллӣ оид ба нуфуси аҳолӣ ва рушд дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд минбаъд низ дастгирӣ намудани қишри осебпазири ҷомеаро ҳадафи худ қарор додааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 346
  • 1,242
  • 949,366