Тақдими мошинҳои флюорографӣ ба Кӯлобу Бохтар

Тақдими мошинҳои флюорографӣ ба Кӯлобу Бохтар
Март 05
17:00 2019

Имрӯз, 5-уми март дар Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои табобатии вилояти Хатлон 2 адад мошини нави сайёр барои ташхиси бемории сил туҳфа карда шуд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Азиз Одиназода дар ҷараёни супоридани мошинҳои нави сайёр иштирок намуда, табибони марказро ба идҳои дар пеш истода табрик намуд.

Ӯ иброз дошт, ки  мошинҳои замонавии мазкур барои осон кардани кори мизоҷон ва табибон таъмин шуда, ҳадаф он аст, ки беморон дар маҳалли зисташон аз ташхису табобат гузаронида шаванд.

Тавре директори Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил  Аслиддин Раҷабзода зимни супоридани мошинҳои мазкур иттилоъ дод, ин мошинҳо барои аз муоина гузаронидани гуруҳҳои осебпазир ва сари вақт дарёфт кардани беморони сил ба ихтиёри марказҳои ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили минтақаҳои Кӯлоб ва Бохтар дода шуда, хизматрасонии онҳо ба талаботи муосир ҷавобгӯ гардонида шудааст.

Мошинҳои мазкур дорои флюорографияи рақамӣ буда, дар 3 дақиқа хулосаи ниҳоии ташхисро бо тасвири флюорографӣ ба дасти мизоҷ мерасонад.  Лозим ба қайд аст, ки ин мошинҳо бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати мамлакат ва шарикони рушд ба марказҳои мазкур тақдим гардиданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 274
  • 1,242
  • 949,294