Тақдими як адад нақлиёти сайёр ба Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО

Тақдими як адад нақлиёти сайёр ба Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО
Декабр 12
16:16 2022

Дар доираи Барномаи кумаки техникӣ ба кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар самти мубориза бар зидди ВНМО ва дигар бемориҳои сироятӣ, ки аз ҷониби Федератсияи Россия амалӣ мешавад, имрӯз, 12 декабри соли равон ба Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам (ВНМО)”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон як адад нақлиёти сайёр тақдим карда шуд, ки дар маросими супоридани  он сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва кӯмаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Навруз Ҷафаров, намояндагони Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва кормандони Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди   бемории ВНМО иштирок намуданд.

Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ фаълияти хешро дар самти мубориза бар зидди  бемории сироятии ВНМО боз ҳам пурзӯр намуда, дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.

Махсусан, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкории зич бо дигар кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дар ҳоли ҳозир барои ноил шудан ба ҳадафҳои Стратегияи Барномаи муштараки Созмони Милали Муттаҳид оид ба ВНМО СПИД (ЮНЭЙДС) барои солҳои 2021-2025 кӯшиш ба харҷ  дода истодааст.

Бояд гуфт, ки Федератсияи Россия яке аз кишварҳое мебошад, ки дар самти мубориза бар зидди бемории ВНМО бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории хуб дорад. Дар ин самт Барномаи кумаки техникии Федератсияи Россия ба кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар соҳаи мубориза бо ВНМО ва дигар бемориҳои сироятӣ аз соли 2013 дар Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Марҳилаи чоруми ин барнома соли ҷорӣ оғоз шуда,  мутахассисони кишвар дар иҷрои амалишавии он фаъолона иштирок мекунанд.

Қобили зикр аст, ки бемории ВНМО дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, инчунин дар дигар минтақаҳои ҷаҳон хусусиятҳои хоси худро дорад, ки барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бо ин сироят дар маҷмӯъ равишҳои инноватсионии муосирро тақозо мекунад.

Вобаста ба вижагиҳои мавҷудаи вазъи эпидемиологӣ дар муқовимат ба  бемории ВНМО ба клиникаҳои сайёр, ки дар доираи Барномаи кумаки техникии Россия ба як қатор кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷудо карда шудаанд, аҳамияти калон дода мешавад. Яке аз ҳадафҳои аслии дармонгоҳҳои сайёр расонидани хадамоти ташхисӣ ва пешгирикунанда дар иртибот ба ВНМО ва дигар бемориҳои сироятӣ ба муҳоҷирони корӣ ва аъзои оилаҳои онҳо, ки дар манотиқи душворгузари Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, мебошад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 16
  • 807
  • 1,242
  • 949,827