Таҳлил ва баррасии вазъи хизматрасонии тиббӣ дар Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон

Таҳлил ва баррасии вазъи хизматрасонии тиббӣ дар Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон
Ноябр 14
16:12 2022

Имрӯз, 14 ноябри соли равон дар Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон” вобаста ба таҳлилу баррасии вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон дар муассисаи мазкур ва дар ин замина бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта, инчунин пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар миёни кормандон вохурии Зоир Набиев, сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарият ва кормандони муассисаи номбурда доир гардид.

Нахуст Зоир Набиев, сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдакон ва танзими оилаи вазорат ба роҳбарият ва кормандони пажӯҳишгоҳи номбурда барои фаъолияти шабонарӯзӣ дар самти таъмини солимии модарон ва кӯдакон изҳори миннатдорӣ баён намуда, иброз дошт, ки беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба модар ва кӯдак дар маркази диққати роҳбарияти вазорат қарор дорад.

Дар идомаи вохурӣ вазъи хизматрасонии тиббӣ, риояи одоби муоширати табибон бо беморон, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар миёни кормандон ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Бояд гуфт, ки яке аз ҳадафҳои асосие, ки дар назди роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон”  гузошта шудааст, ин таъмини солимии модарону кӯдакон ба шумор меравад. Ҷиҳати иҷрои ин вазифаи пурмасъулият дар пажӯҳишгоҳ тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 677
  • 1,242
  • 949,697