Таҷлили ҷашни 10-солагии фаъолияти Каритас Олмон дар Тоҷикистон

Таҷлили ҷашни 10-солагии фаъолияти Каритас Олмон дар Тоҷикистон
Апрел 20
07:57 2018

Санаи 19-уми апрели соли ҷорӣ Филиали ассотсиатсияи Каритас Олмон дар якҷоягӣ бо Хадамоти мубодилаи академикии Олмон (DAAD) ва Гурӯҳи ихтиёриёни «Доброта» дар Маркази исмоилия дар шаҳри Душанбе, бо мақсади ҷашн гирифтани 10-солагии фаъолияти худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ-хайриявие баргузор намуд. Дар ҳамоиши мазкур, ки ба арафаи Рӯзи пойтахт рост омад,  намояндагони воломақоми ташкилотҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ ва байналмилалӣ ва ҳамчунин, сокинони пойтахт ширкат варзиданд.

Нахуст, дар доираи чорабинӣ, намоиши дастовардҳои ташкилотҳои шарики Каритас, Хадамоти мубодилаи академикии Олмон (DAAD) ва Гурӯҳи ихтиёриёни «Доброта» доир гардид. Ҳамзамон, Гурӯҳи ихтиёриёни «Доброта» иқдоми хайриявиеро бо мақсади ҷамъоварии кумакҳои молӣ барои беморони онкологӣ, аз ҷумла Фирдавс Самиев, ки ба бемории саратон гирифтор аст, роҳандозӣ намуд.

Чорабиниро Ҳамоҳангсози лоиҳаҳои Тоҷикистон дар саридораи Каритас Олмон Иво Кӯрнер бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшида, ба ҳамаи шарикон барои дастгирӣ дар татбиқи як қатор лоиҳаҳое, ки ба фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон равона гардидаанд, изҳори миннатдорӣ намуд. Дар идома Иво Кӯрнер афзуд, ки “фаъолияти асосии ташкилоти Каритас ба рушди инфрасохтори хизматрасониҳои иҷтимоӣ барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ва беҳтар намудани нигоҳубини шаҳрвандони пиронсоли танҳомонда, занони серфарзанди бесаробонмонда, тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо, ятимхонаҳо, шахсони дорои маъюбият ва ҳамчунин, дастгирии одамоне, ки дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодда ва офатҳои табиӣ ба зиндагии душвор гирифтор шудаанд, равона гардидааст”. Баъдан, бо иштироки васеи манфиатбарандагони лоиҳаҳои татбиқнамудаи ташкилоти Каритас ва ҳунармандони маъруфи кишвар барномаи консертӣ баргузор гардид.

Қобили зикр аст, ки Каритас Олмон дар Тоҷикистон дар муддати 10 соли фаъолият беш аз 2500 шахси маъюбро дастгирӣ карда, 7 толори омӯзишӣ, 30 нуқтаи тавонбахшӣ, 28 ҳуҷраи бозӣ барои кӯдакон ва 6 ҳуҷраи машваратии мутахассисони соҳаи тавонбахшӣ ифтитоҳ намуда, дар 7 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 14 муассисаи таҳсилоти умумӣ низоми таҳсилоти фарогир ҷорӣ кардааст. Ҳамчунин ташкилоти номбурда, дар 9 муассисаи таҳсилоти касбӣ барои таҳсилоти касбию техникии ҷавонони осебпазир шароити мусоид фароҳам оварда, қариб 400 кӯдаки маъюбро ба мактабҳои таҳсилоти умумӣ шомил намудааст. Мавриди ёдоварист, ки аз тарафи Каритас Олмон дар Тоҷикистон бар асоси барномаи тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал 15 тренери миллӣ, 250 корманди тавонбахшӣ, 6 нафар мутахассиси забони имову ишора ва 370 нафар омӯзгор оид ба мавзӯъҳои маъюбият ва таҳсилоти фарогир омӯзонида шудаанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 740
  • 1,242
  • 949,760