Таҷлили бошукӯҳи Иди касбии табибони Тоҷикистон (АКС)

Таҷлили бошукӯҳи Иди касбии табибони Тоҷикистон (АКС)
Август 18
18:56 2022

Имрӯз бахшида ба 18 август-Иди касбии табибони Тоҷикистон, зодрӯзи олим, файласуф ва ҳакими тоҷик Абӯалӣ ибни Сино  ва инчунин ба муносибати  ҷашни 31 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гӯшаву канори мамлакат ҳамоишҳои бошукӯҳи идона доир гардиданд.

Бегоҳии имрӯз, 18 август бахшида ба ин санаҳои муҳиму фархунда дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садириддин Айнӣ ҳамоиши идона баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир Ғафур Муҳсинзода, Абдухолиқ Амирзода, Зулфия Абдусаматзода, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода,  Раиси кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода, ректори  ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшоҳ Неъматзода, раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон Ҳаётзода Нурхон, сардори Раёсати тандурустии  шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода, сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳои Суғду Хатлон, роҳбарони муассисаҳои тандурустии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва доираи васеи кормандони соҳа иштирок намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки маросими расмии таҷлили Иди касбии табибони Тоҷикистон субҳи имрӯз бо гулчамбаргузорӣ дар пояи​ муҷассамаи табиби ҳозиқ ва ҳакими шинохта Абӯалӣ ибни Сино  дар назди бинои нави Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ки рӯ ба рӯи​ Муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон–“Шифобахш” ҷойгир аст, аз ҷониби роҳбарияти вазорат оғоз гардид.

Чорабинии идона бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ шуд.

Баъдан, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо сухани табрикотӣ баромад намуда,  кулли кормандони соҳаи тандурустии мамлакатро бо иди касбиашон табрику муборакбод  гуфт ва дар фаъолияти минбаъдаи корӣ ба ҳар кадоми онҳо барору муваффақиятҳои беназир таманно намуд.

Гуфта шуд, ки воқеан ҳам касби табибӣ яке аз пешаҳои муҳимтарини инсонӣ ба шумор меравад, ки дар таърихи фарҳанги башарӣ мақом ва мартабаи хоса дорад. Табибон нафароне мебошанд, ки инсоният ҳамеша ба онҳо ниёз дорад. Зеро, инсон дар рафти зиндагӣ ҳамеша бо бемориҳо рӯ ба рӯ мешавад ва ягона нафаре, ки дар чунин ҳолат ба дарди онҳо дармон шуда метавонад, ин табиб аст. Аз ин ҷост, ки шаҳрвандон ба табибон ҳамчун наҷотбахши ҷони хеш муроҷиат менамоянд.

Номбурда бо ёдоварӣ аз дастовардҳои соҳаи тандурустии мамлакат қайд намуд, ки маҳз зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони соҳаи тандурустии мамлакат давоми солҳои охир тавонистанд бо ҷорӣ намудани як қатор усулҳои нави ташхис ва табобат сатҳи хизматрасонии тиббиро ба аҳолӣ боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ монанд.

Бояд гуфт, ки танҳо давоми як соли охир азнавсозӣ, таъмиру таҷдид ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин намудани муассисаҳои тиббӣ аз ҷониби  Ҳукумати Тоҷикистон воқеан назаррас мебошад. Бинобар ин, кормандони соҳаи мамлакат ба Ҳукумати кишвар,  махсусан ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии пайвастаи соҳа изҳори сипосу миннатдории хешро иброз менамоянд.

Дар идомаи суханронӣ Ҷамоллиддин Абдуллозода, инчунин тазаккур дод, ки   имсол Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муборизаи босамар бар зидди бемории COVID-19  бо Ифтихорномаи вижаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ қадрдонӣ  гардид, ки ин дастоварди тамоми кормандони соҳаи тандурустии мамлакат мебошад.

Баъдан, Хайринисо Юсуфӣ, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода, сардори Раёсати   рушди иҷтимоии Дастгоҳи  иҷроияи Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  Сумангул Тағойзода, Раиси кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани табрикотӣ баромад намуда, кулли кормандони соҳаи тандурустии мамлакатро бахшида ба Иди касбии табибони Тоҷикистон табрику шодбош намуданд.

Аз ҷумла номбурдагон зимни суханронии хеш аз кӯшиш ва талошҳои табибони мамлакат дар давраи пандемияи COVID-19 ёдовар  шуда, қайд карданд, ки маҳз заҳмат ва талошҳои шабонарӯзии кормандони соҳаи тандурустии мамлакат буд, ки кишвари мо тавонист бар муқобили ин бемории сироятӣ ғолиб ояд.

Дар идомаи чорабинии идона  тибқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва хифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кормандони хизматнишондодаи соҳа бо мукофотҳои соҳавӣ, аз ҷумла бо нишони сарисинагии “Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ифтихорномаи якҷояи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ва бо Ифтихорномаи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон  сарфароз гардонида шуданд.

Варзиш ва тандурустӣ  ҷузъи аз ҳам ҷудонашаванда мебошанд ва чун анъана бо мақсади дар амал  татбиқ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оммавигардонии варзиш ва  тарбияи солимии аҳолӣ, ташвиқоти тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон якҷо бо Федератсияи футболи мамлакат  бахшида ба Иди касбии табибони Тоҷикистон ва ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи шонздаҳуми футбол байни дастаҳои табибони муассисаҳои тандурустии кишвар  гузарониданд.

Дар чорабинии идона барои дар ин мусобиқа ишғол намудани ҷои аввал дастаи Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” бо Ҷом, медалҳои тиллоӣ,  тӯҳфаҳои хотиравӣ  ва Ифтихорномаи якҷояи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуд.

Пас аз супоридани мукофотҳо ба собиқадорон, фаъолон ва нафарони хизматнишондодаи соҳаи тандурустӣ барномаи консертӣ  бо иштироки доираи васеъи ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ сурат гирифт, ки баҳри иштирокчиёни чорабинӣ руҳу илҳоми хоса бахшид.

Боиси сарфарозист, ки имрӯзҳо  ворисони Синои бузург дар пайравӣ ба сиёсати дурандешона ва оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушд ва пешрафти соҳаи тандурустии Тоҷикистони азизамон саҳми намоён гузошта истодаанд.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки имрӯз табибони тоҷик дар баробари ҳамтоёни хориҷии хеш дар ташхис ва табобати беморон маҳорати баланд доранд. Далели ин гуфтаҳо муроҷиати шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ҷиҳати гузаштан аз ҷарроҳиҳои мураккаб ба муассисаҳои тандурустии мамлакат мебошад, ки ин албатта аз маҳорати баланди касбии кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон дарак медиҳад.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 729
  • 1,242
  • 949,749