Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи касбии кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи касбии кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Январ 26
16:58 2023

Бахшида ба Рӯзи касбии кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола рӯзи 25 январ дар кишвар таҷлил мегардад,  имрӯз, 26 январи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши бошукӯҳи идона баргузор гардид, ки дар он муовинони вазир Шодихон Ҷамшед, Зулфия Абдусаматзода, Абдухолиқ Амирзода, роҳбарони хадамот ва муассисаҳои соҳавӣ ва доираи васеи кормандони бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иштирок намуданд.

Ҳамоиши идонаро муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед ифтитоҳ намуда, баъдан паёми табрикотии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозодаро ба самъи ҳозирин расонид.

Гуфта шуд, ки рушди соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бахусус дастгирии иҷтимоии маъюбон, кӯдакони ятиму бесаробонмонда, собиқадорони ҷангу меҳнат ва оилаҳои камбизоат, инчунин дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббӣ ва иҷтимоӣ дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Аз ин ҷост, ки ҳамасола Сарвари давлат ба масъалаҳои соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, риояи меъёрҳои қонунгузорӣ ва баланд бардоштани масъулияти кормандон дастуру супоришҳои мушаххас ироа менамоянд. Ҳамзамон, вазифагузорӣ менамоянд, ки вобаста ба солимгардонии маъюбон, ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба маъюбият ва дастгирии иҷтимоии ниёзмандон амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Тавре дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар изҳор намуданд: “Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки бо мақсади ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои тиббиву иҷтимоӣ якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ заминаи моддиву техникии муассисаҳои тиббиву иҷтимоӣ тадбирҳои мушаххас андешад….”

Дар партави ин сиёсати хирадмандона бо мақсади татбиқи вазифаҳои дар назди кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гузошташуда роҳбарияти вазорат ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, риояи меъёрҳои қонунгузорӣ ва баланд бардоштани масъулияти кормандон тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.

Изҳори умедворӣ карда шуд, ки мо кормандони соҳа баҳри иҷрои вазифаҳои дар пеш истодаи худ, иҷрои саривақтии қонунгузории соҳавӣ ва ташкили хизматрасонии иҷтимоӣ бо масъулияти баланд кору фаъолият намуда, баҳри бо сарбаландӣ ва дастовардҳои беназир пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти ватани азизамон ҳама якҷоя кушиш ба харҷ медиҳем.

Сипас, ба муносибати Рӯзи касбии кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  30 нафар бо нишони Аълочии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, 50 нафар бо Ифтихорнома ва 20 нафар бо Сипосномаи вазорат қадрдонӣ шуданд. Дар баробари ин, ба 8 нафар роҳбарон ва шаҳрвандони саховатпеша, ки ба муасссиаҳои соҳа, категорияҳои осебпазири аҳолӣ ва занону кӯдакони аз минтақаҳои ҷангзадаи давлати Сурия баргардонида шудаанд, пайваста кумакҳои хайриявӣ мерасонанд, Ифтихорномаи вазорат тақдим гардид. Инчунин, аз ҷониби Иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ ба фаъолони соҳа Ифтихорнома тақдим карда шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 584
  • 1,242
  • 949,604