Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи кормандони ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (АКС)

Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи кормандони ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  (АКС)
Январ 25
12:18 2020

Имрӯз, 25 январи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи кормандони  ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, муовини вазир оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ Шодихон Ҷамшед, Директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулҳаким Холзода, Сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Султон Бекмуродзода, ёрдамчии вазир Дилором Содиқова, роҳбарон ва кормандони муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии  аҳолӣ иштирок намуданд.

Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла иброз намуд, ки таҷлили  Рӯзи кормандони меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар мамлакат аз он гувоҳи медиҳад, ки Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин табақа диққати махсус зоҳир менамояд. Пасон, ӯ сухани табрикотиро ба вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода дод.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода  кулли кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳоли мамлакатро бо Рӯзи касбиашон табрик намуда,  ҳамзамон, иброз дошт, ки масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бахусус дастгирии иҷтимоии ниёзмандон, маъюбон, кӯдакони ятиму бесаробонмонда, ветеранҳои ҷангу меҳнат ва оилаҳои камбизоат, инчунин, дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббӣ ва иҷтимоӣ дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, Ҷаноби Олӣ дар ҳама суханронӣ ва баромаду маърӯзаҳояшон дар ин мавзӯъ махсус таъкид менамоянд, ки ин табақаҳои шаҳрвандон таҳти ғамхории доимии давлату Ҳукумати мамлакат қарор доранд. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2019 дар паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуданд: “Ҳукумати Тоҷикистон вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеаро ҳамеша дар маркази диққати худ қарор дода, вобаста ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар барои беҳтар намудани шароити онҳо пайваста чораҷӯӣ менамояд.

Дар ҷаласа қайд гардид, ки дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар дастгирии молиявии муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва оилаҳои камбизоат афзалият дорад ва ин бартарият дар солҳои минбаъда низ боқӣ мемонад.

Бо мақсади дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеа  нафақаи шаҳрвандони маъюби то синни 18 – сола, инчунин, дигар гурӯҳҳои маъюбон, ки кор намекунанд ва ба нигоҳубин эҳтиёҷ доранд, Сарвари давлат дар паёми навбатиашон 26 декабри соли 2019 пешниҳод карданд, ки аз 1 сентябри соли 2020 нафақаи онҳо 50 фоиз зиёд карда, андозаи он ба нафақаи нафақагироне, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” муқаррар гардидааст, баробар карда шавад.

Тадбирҳои мазкур имкон медиҳанд, ки вазъи иҷтимоии қариб 30 ҳазор нафар нафақагирон беҳтар гардад.

Инчунин, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити иҷтимоии нафақагирони кишвар аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, ки аз 1 сентябри соли 2020 ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин, нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон 15 фоиз зиёд карда шаванд.

Дар баробари ин, музди меҳнати кормандони мақомоти давлатӣ, аз ҷумла муассисаҳои соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 15 фоиз ва музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд карда шавад.

-Аз ин рӯ, мо кормандони соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа гардиданд ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаро сармашқи кори худ қарор дода, ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар навбати аввал ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд ва нафақахӯрону собиқадоронро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини худ мешуморем,-иброз дошт Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар поёни чорабинии идона Сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Султон Бекмуродзода, Раиси Иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи тандурустӣ  Нурхон Ҳаётзода, Сардори Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаҳои тандурустии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдалӣ Ҳафизов ва як қатор кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо нишони сарисинагии “Аълочии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ”, ҳамчунин, барои  саҳми назаррас гузоштан дар рушди соҳа як қатор кормандон бо “Сипоснома” ва “Ифтихорнома-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Кумитаи Иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи тандурустӣ  қадрдонӣ гардиданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 899
  • 1,242
  • 949,919