Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи кормандони соҳаи тиб (АКС)

Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи кормандони соҳаи тиб  (АКС)
Август 17
14:29 2019

Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб  имрӯз, 17 август дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино чорабинии бошукӯҳи  идона баргузор  гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон  Абдуфаттоҳзода, роҳбари Намояндагии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Марта Эверард, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшо Гулзода, муовинони вазир ва доираи васеи роҳбарону кормандони муассисаҳои зерсохтори вазорат иштирок намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки қабл аз оғози чорабинии бошукӯҳи идона барои поси хотираи неки  табиби ҳозиқ ва ҳакими шинохта Абӯалӣ ибни Сино субҳи имрӯз  дар пояи  муҷассамаи ин табиби машҳури давру замон, ки дар назди бинои навбунёди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ки рӯ ба рӯи  Муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон–«Шифобахш ҷойгир аст, аз ҷониби роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари Намояндагии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Марта Эверард гулчамбар гузошта шуд.

Раиси Иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи тандурустӣ  Нурхон Ҳаётзода чорбиниро ҳусни оғоз намуда, пасон сухани ифтитоҳиро ба вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода дод.

Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромади табрикотии худ аз ҷумла иброз намуд, ки касби табибӣ яке аз касбҳои пурифтихортарин, волотарин ва бошарафтарин шуморида мешавад ва Гиппократ санъати ҳақиқатан ҳам наҷибтарин будани онро таъкид намудааст. Ба истилоҳ, духтуре, ки барои дармон ба болини бемор меояд, мисли диловарест, ки ба майдони корзор ворид мешавад.

-Хурсандиовар  аст, ки  дар ҷамъияти имрӯзаи мо низ табибон ин мақому манзалати худро аз даст надодаанд ва ворисони ҳақиқии Синои бузург гардидаанд. Саодати умри табиб дар саломатии одамон инъикос меёбад ва табиб ҳамеша дар байни марзи маргу зиндагӣ қарор дорад,-афзуд ӯ.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода  иброз намуд, ки дар ин лаҳзаҳои пурнишот, ки дар Тоҷикистони офтобрӯяамон  Иди касбии табибон таҷлил  карда мешавад, махсус зикр намудан ба  маврид аст, ки дар воқеъ пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ маҳз бо кӯмак ва дастгириҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати кишвар, аз ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустии кишвар дар тамоми самтҳо ба таври бесобиқа рушд намуд. Далели ин гуфтаҳо аз тарафи давлат сол то сол зиёд ҷудо гардидани маблағ ба соҳаи мазкур мебошад. Масалан, соли 2019 нақшаи буҷети соҳаи тандурустӣ 1 миллиарду 740 миллиону 536 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардид, ки нисбат ба соли 2018 12,2% ё ин, ки 189 миллиону 600 ҳазор сомонї зиёд буда, нисбати маҷмўи маҳсулоти дохилӣ 2,2% ва нисбати ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ 7,2%-ро ташкил медиҳад.

Муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ зимни баромади хеш тамоми кормандони соҳаи тандурустии кишварро ба Иди касбиашон шодбош намуда, махсус қайд намуд, ки дар кишвари гулбанду гулгардони мо ворисони шоиста шамъи афрухтаи ниёгони худро, шамъи Абӯалӣ ибни Сино, Абӯрайҳони Берунӣ ва дигар ҳакимони муаззамро афрӯхтаву ҳифз мекунанд.

Ӯ иброз намуд, ки бузургтарин табиби кишвари мо  Пешвои маҳбуби миллат  Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки ин ватани зебову мирандаро дубора муждаи ҳаёт ва саодати наҷот бахшиданд.

-Беҳтарин ҷондоруи миллати мо сулҳ буд, ки  Сарвари давлат  онро  ба мо эҳдо карданд ва ин тифли роҳгардони миллат, ки истиқлол ном дорад,  инак  28-сола мешавад,-иброз дошт ӯ.

Сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон  Абдуфаттоҳзода низ дар навбати худ кулли кормандони соҳаи тандурустии кишварро бо Иди касбиашон табрику  шодбош намуда, иброз дошт, ки хурсандиовар аст, ки табибони тоҷик дар сар то сари кишвар ҳамасола Иди касбии худро бо тантана қайд менамоянд. Номбурда дар ҷараёни суханронии хеш аз дастигириву пуштибониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, аз ҷумла иброз намуд, ки соҳаи тандурустӣ  имрӯз дар маркази таваҷҷуҳи Роҳбари  давлат ва Ҳукумати кишвар қарор дорад.

Роҳбари Намояндагии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Марта Эверард аз иштироки худ дар чунин як чорабинии бошукӯҳи кормандони соҳаи тандурустии мамлакат изҳори хурсандӣ намуда, дар симои иштирокчиён  тамоми табибони мамлакатро бо ин рӯз табрик намуд.

Набиҷон Ҳомидов, узви вобастаи Академияи илмҳои тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромади худ аз нақши Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино дар рушди илми тибби ҷаҳонӣ, махсусан дар рушди илми тибби тоҷик ёдовар шуда, аз ҷумла қайд намуд, ки чанде қабл дар кишвари Ирландия китоби “Ал-Қонун”-и ин табиби дар арсаи олам шинохта пайдо гардидааст, ки ба қавли таърихшиносон, 400 сол қабл бо забони ирландӣ тарҷума ва нашр гардидааст.

 

Дар ҷараёни чорабинии тантанавӣ ба як қатор кормандони фаъоли соҳаи тандурустӣ  аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо унвони “Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Ифтихорнома ва Сипоснома тақдим карда шуд.

Дар охири ҷамъомади идона баҳри болидарӯҳии иштирокдорон чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ ташкил гардид, ки дар он гурӯҳи рақсии “Падида”, сароянгадони эстрадаи тоҷик баромад намуда, табъи иштирокдоронро болида намуданд.

Боиси сарфарозист, ки пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ бо мақсади арҷгузории хизматҳои шоёни фарзандони фарзонаи миллат аз ҷониби давлат ва Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррас ба сомон расонида шуданд.

Барои эҳтиром ба хотираи неки Абӯалӣ ибни Сино низ дар мамлакат якчанд иқдомҳо амалӣ карда шуданд. Имрӯз яке аз бузургтарин муассисаҳои олии кишвар-Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино гузошта шудааст. Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино-ҷоизаи олии ҷумҳуриявӣ дар соҳаи илму техника аз 1 марти соли 1967 муқаррар карда шудааст. Инчунин, акси ин фарзанди фарзонаи миллат дар пули миллии кишвар инъикос ёфта, имрӯз бо номи ӯ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯчаву хиёбонҳо гузошта шудаанд. Пайкараву нимпайкараҳои Абӯалӣ ибни Сино дар гӯшаҳои гуногуни мамлакат қомат афрохтаанд.

Қобили зикри хос аст, ки аз соли 1994  18 август, яъне рӯзи таваллуди Абуалӣ ибни Сино ҳамчун Иди касбии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҷлил карда мешавад.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 715
  • 1,242
  • 949,735