Таҷлили Наврӯзи ҷаҳонӣ

Таҷлили Наврӯзи ҷаҳонӣ
Март 20
13:24 2019

Наврӯзи хуҷастапай, ки аз ҷашнҳои қадимиву мардумии тоҷикон аст, таърихан Соли нави миллӣ ба ҳисоб рафта, оғози баҳору фасли кишту кор, эҳёи табиат ва ҷашни файзу кушоишҳо мебошад. Ин иди мардумӣ асрҳо боз бо хушҳоливу фараҳ истиқбол гирифта шуда, дар он бисёр анъанаву русуми аҷдодӣ инъикос меёбад. Рушди бесобиқаи Наврӯз ба давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омада, маҳз дар ҳамин давра овозаву  шӯҳрату он дучанд гардид, таърихаш амиқан омӯхта шуд ва бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашн бо унсурҳои ваҳдатофариниву инсондӯстонааш мақоми ҷаҳонӣ касб кард.

Наврӯз ягона иди миллие мебошад, ки бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардида, рамзи дӯстиву рафоқат, ҳамдиливу Ваҳдат, таҷассуми фарҳанги баланди мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад.

Kормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни байналмиллалии Наврӯзро дар Муассисаи давлатии Осоишгоҳи собиқадорони ҷангу меҳнати “Харангон” дар сатҳи баланд таҷлил намуданд. Гӯшаҳои наврӯзӣ ташкил карда, дар онҳо унсурҳои Наврӯз – ҳафтсину ҳафтшин, таомҳои баҳорӣ, асбобу олотҳои мардумӣ, сарулибоси миллӣ, гулдӯзиҳо, зарфҳои қадима ва дигар ашёҳои заруриро ба намоиш гузоштанд. Ҳар як гӯша фарогири дастовардҳои ҳунарҳои мардумии минтақаҳои кишвар – бозгӯкунандаи русуми аҷдодӣ ва маҳорати баланди ҳунармандон буд.

Дар ин ҷашни бошукӯҳ роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зерсохторҳои он, сардорони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва меҳмонони хориҷӣ иштирок намуданд. Баъд аз сайри наврӯзӣ, ки меҳмонони хориҷӣ ва роҳбарияти вазорат гӯшаҳои наврӯзиро тамошо карда, бо намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода ҳозиронро бо Иди байналмилалии Наврӯз табрик гуфт ва ба ҳамагон барору комёбиҳои нав ба нав таманно дошт. Зикр гардид, ки Наврӯз – иди аҷдодии тоҷикон, пайвандгари қалбҳову кишварҳо буда, дар арсаи ҷаҳонӣ фарҳанги баланди инсонпарваронаи мардуми моро муаррифӣ менамояд.

Қисмати фарҳангии Наврӯзи табибон басо рангину хотирмон сурат гирифт. Барои табрики табибони кишвар ҳунармандони шинохта, аз ҷумла Давлатманд Холов, Лола Азизова, Соҳиба Давлатшоева, Шаҳзоди Даврон, Рӯзибой Иддиев, Хайринисо Ватанова ташриф оварда, базми наврӯзие барпо намуданд, ки то дер дар хотири иштирокдорон боқӣ мемонад. Махсусан хурсандии меҳмонони хориҷиро ҳадду канор набуд.

Маҷмӯан, Наврӯзи байналмилалиро аҳли Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сатҳи зарурӣ, бо риояи анъанаҳо ва унсурҳои ниёгониаш таҷлил намуда, аз оғози баҳори нав барои сиҳатии ҷомеаи кишвар маҳкам камар бастанд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 580
  • 1,242
  • 949,600