Таҷлили Рӯзи ҷаҳонии гигиенаи дастҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили Рӯзи ҷаҳонии гигиенаи дастҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Май 06
10:05 2021

Санаи 5 май ҳамасола дар саросари ҷаҳон  Рӯзи ҷаҳонии гигиенаи дастҳо  таҷлил карда мешавад.  Мақсад аз таҷлили чунин ҷашн   ҳарчи бештар ҷалб намудани таваҷҷуҳи  ҷомеаи ҷаҳонӣ  ба одатҳои тағирёфта ва муаррифии зарурати тоза нигоҳ доштани дастон мебошад.

Маврид ба ёдоварист, ки аз соли 2008 инҷониб ҳамасола  бо ташаббуси Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ  Рӯзи ҷаҳонии гигиенаи дастҳо бо шиорҳои гуногун ҷашн гирифта мешавад.

Шиори имсолаи  Рӯзи ҷаҳонии гигиенаи дастҳо “Сонияҳои дастшӯӣ ҳаётро наҷот медиҳанд, дастони худро безарар гардонед!”  интихоб гардидааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чун дигар мамолики сайёра Рӯзи ҷаҳонии гигиенаи дастҳо, ки   ҳадафи он таъмини сиҳатии одамон аст, дар сатҳи баланд баргузор карда шуд.

Дар ин сана намояндагони созмонҳои беҳдошт дар ҳамкории мутақобила бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан Намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғиби риояи гигенаи дастон миёни толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ чорабиниҳои тарғиботӣ гузаронида шуд.

Намояндагони соҳаи тандурустӣ зимни мулоқот бо толибилмон аз ҷумла таъкид намуданд, ки “риоя нашудани гигенаи дастон метавонад оқибатҳои ногувор дошта бошад ва заминаи гирифтории одамон ба бемориҳои руда, вабо, домана, кирми меъда ва дигар бемориҳои сироятӣ гардад”.

Бо мақсади таъмини сиҳатӣ бо истифода аз тамиз нигоҳ доштани дастон табибон тавсия медиҳанд, ки барои шӯстани дастон бо собун на камтар аз 10-15 сония ва ба ҳамин миқдор вақт зери об тоза кардани онҳо сарф кардан лозим аст.

Ҳамзамон, пас аз шӯстан дастони худро хушк кардан хеле муҳим аст зеро дастони тар назар ба дасти хушк бактерияҳо ва вирусҳоро бештар мегузаронанд. Хушк кардани дастон бо сачоқи коғазии якдафъаина беҳтар аст.

Ин ҳама тавсияҳои пешниҳодшуда дар ҳолест, ки мутаассифона  тибқи иттилои Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) сирояти шадиди роҳи нафас ва руда, ки заминаи гирифторӣ ба ин бемориҳо дастони олудаи микробҳо мебошанд, ҳамасола боиси марги беш аз 3,5 миллион кӯдакони то синни панҷсола мегарданд.

Ба ин хотир, қабули тавсияи табибон ва дар ҳама ҳолат тоза нигоҳ доштани дастон бар нафъи саломати ҳар кадоми мост.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 624
  • 1,242
  • 949,644